Имсол нархи хидмати пулакӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ тақрибан 27 ҳазор сомонӣ шуд

Моҳи апрел мавсими даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мегардад. Тибқи тағйироту иловаҳои ба қонунгузорӣ дар соли гузашта воридшуда, дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии шакли дигар ё худ алтернативӣ ҷорӣ шуд, ки пулакӣ мебошад. Маблағи он имсол ба 26 ҳазору 880 сомонӣ баробар аст. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 январи соли 2021 […]

Рамзия Мирзобекова, Asia-Plus

Моҳи апрел мавсими даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мегардад. Тибқи тағйироту иловаҳои ба қонунгузорӣ дар соли гузашта воридшуда, дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии шакли дигар ё худ алтернативӣ ҷорӣ шуд, ки пулакӣ мебошад. Маблағи он имсол ба 26 ҳазору 880 сомонӣ баробар аст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 январи соли 2021 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард. Мувофиқи тағйироти ба қонун воридшуда, дар ҳайати захираҳои даъватӣ шакли нави хидмат ташкил шуд, ки муҳлати он як моҳро ташкил медиҳад.

Бо пардохти маблағи баробар ба 420 нишондиҳанда барои ҳисоб ин навъи хидматро метавон адо намуд. Соли гузашта 1 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон 60 сомонӣ ва маблағи умумии пардохти маблағ барои хидмати алетрнативӣ 25 ҳазору 200 сомониро ташкил медод.

Аз моҳи январи имсол 1 нишондиҳанда барои ҳисоб то 64 сомонӣ боло рафта, мутаносибан пардохти маблағ барои хидмат дар ҳайати захираҳои даъватӣ ба муҳлати 1 моҳ низ афзуд, ки акнун имсол ба 26 ҳазору 880 сомонӣ расид.

На ҳама имкон доранд, ки дар ҳайати захираҳои даъватӣ хидмат кунанд, чунки барои ин навъи хидмат квотаҳо пешбинӣ шудааст. Маълумот дар бораи шумори квотаҳо ифшо намешавад.

Нафарони дорои “квота” дарҳол наметавонанд аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ гузашта, аз хидмат озод шаванд. Навбати “квотадор” метавонад дар ҷамъомади минбаъда ояд.

Ариза дар бораи хидмати пулакиро дар муҳлати як сол бо муроҷиат ба комиссариати ҳарбии маҳаллӣ пешниҳод кардан мумкин аст.

Даъвати якуми пулакӣ ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон моҳи январи соли равон сурат гирифт. Хидмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъватӣ 450 нафар адо намуда, дар умум зиёда аз 11,3 млн сомонӣ маблағ пардохт карданд.

Қобили зикр аст, ки барои ин категорияи шаҳрвандон минбаъд кор дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти таъминоти тартиботу ҳуқуқ манъ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.