Русия ба нахустин дипломати ҳукумати Толибон расман иҷозаи кор додааст

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Сергей Лавров Вазири корҳои хориҷии Русия дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфтааст, Маскав ба аввалин дипломати ҳукумати Толибон аккредитатсия дод. Ин нишаст, имрӯз 31-уми март дар шаҳри Тунси Чин баргузор шуд ва дар он ҳайатҳои Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия иштирок карданд.

Ба навиштаи хабаргузории русии РИА Новости Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия зимни суханронӣ дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфтааст, Максва ба нахустин дипломати афғон аз ҳукумати Толибон акредитатсия додааст. Ӯ гуфтааст, “мехоҳам қайд намоям, ки нахустин дипломати афғон, ки моҳи гузашта аз ҷониби ҳукумати нав фиристода ва вориди Маскав шуда буд, дар вазорати мо аккредитатсия гирифт".

Сергей Лавров изҳор доштааст, ки бо вуҷуди надоштани таҷрубаи идоракунӣ, маҳдудиятҳои моливу иқтисодӣ ва фишори низомиву сиёсии Амрико ва муттаҳидонаш, маъмурияти нави Афғонистон дар маҷмӯъ тавонистааст ҳукуматро дар ҳоли ҳозир нигоҳ дорад.

“Дар бахши мубориза бо терроризм натиҷаи мусбати муайян ба назар мерасад. Дар самти эҳтироми ҳуқуқи инсон талошҳо ба харҷ дода мешаванд. Кобул барои тавсеаи равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ фаъол аст. Мо ба роҳ мондани тадриҷи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо кишварҳои минтақа, ки сохторҳои тиҷоратии онҳо ба Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ҳамаи ин робитаҳо, албатта, ба эътирофи байналмилалии ҳукумати нави Афғонистон  мусоидат мекунанд”,- гуфтааст, вазири корҳои хориҷии Русия

Гуфта мешавад меҳвари нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки имрӯз дар шаҳри Тунси Чин доир шуд ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон аст. Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳайати Тоҷикистон, зери роҳбарии Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар дар ин нишаст ширкат мекунад. Дар назар аст дар ин нишаст  ҳайатҳои кишварҳои  Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия суханронӣ кунанд.

Манобеи “Азия-Плюс” гуфта буд, “ҳайати Тоҷикистон мавқеи кишварро дар ин нишаст изҳор мекунад. Мавқеи Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон тағйир накардааст”.

Дар назар аст дар нишасти имрӯза масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ дар самти башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодӣ, кумак ба Афғонистон, инчунин ҳамоҳангсозии равишҳо дар муқобила бо таҳдидҳои паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон бар меоянд, баррасӣ хоҳанд шуд.

Қаблан Шабакаи телевизионии байналмилалии Афғонистон хабар дода буд, ки ба ин нишаст вазири умури хориҷии ҳукумати “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) Амирхон Муттақӣ низ даъват шудааст. Вале маълум нест, ки Амирхон Муттақӣ ширкат мекунад ё не.

Дирӯз BBC хабар дода ба нақл аз ҷониби Чин гуфта буд, ҳадаф аз ин нишаст “ба даст овардани як тавофуқи бештар дар мавриди Афғонистон” хоҳад буд. Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Чин Ван Вэнбин изҳор доштааст, ки дар ин нишаст ҳамчунин роҳҳои расидан ба субот дар Афғонистон ва ҳимоят аз мардуми ин кишвар баррасӣ мешавад. Ҷаласаи имрӯза дар Чин ба дунболи сафари ногаҳонии вазири умури хориҷии Чин Ван И, ба Кобул сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2021 Покистон минзбони нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон буд. Мулоқоти дуввум бо иловаи Русия моҳи октябри соли гузашта дар Теҳрон баргузор шуда буд, ки дар кори он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ширкат намуд. Ӯ гуфта буд, ки Тоҷикистон ҳукумати ба таври зӯрӣ ва бидуни ризоияти мардум ба қудрат омадаро дар Афғонистон ба расмият намешиносад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти Афғонистон талош кунанд.

Бо гузашти ҳашт моҳи ба сари қудрат омадани Толибон Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон танҳо кишварест, ҳеҷ гуна тамосе то кунун бо “Толибон” надоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...