Камарбанди амниятӣ: пешниҳоди Тоҷикистон дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин пазируфта шудааст

Музаффар Ашуриён, вазири адлия ва роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Тунсии Чин, мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба вазъи Афғонистон бори дигар таъкид карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаҷонибаи мушкили Афғонистон аст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар доданд. […]

Музаффар Ашуриён, вазири адлия ва роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Тунсии Чин, мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба вазъи Афғонистон бори дигар таъкид карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаҷонибаи мушкили Афғонистон аст.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар суханронии худ манфиатҳои муштаракро ба рушди Афғонистон ҳамчун давлати аз нигоҳи сиёсӣ устувор, сулҳҷӯ ва рушдёбанда, ки ба ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсон эҳтиром гузошта, аз терроризм ва ҷиноятҳои маводи мухаддир озод аст, қайд кард.

Ҷониби Тоҷикистон изҳор итминон намуд, ки мардуми Афғонистон бо тамоми таркиби этникӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар муайян кардани ояндаи кишвари худ бояд ҷалб карда шаванд.

«Ташаккули ҳукумати фарогир тавассути интихобот ва бо иштироки тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ, қавмӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таъмини ҳуқуқи инсон шарти бунёдии ба эътидол овардани вазъият ва ҳалли мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон мебошад. Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаҷонибаи мушкили Афғонистон буд», – қайд кард дар суханронии худ роҳбари ҳайати Тоҷикистон.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки Тоҷикистон борҳо зарурати ироаи кумакҳои башардӯстонаи ҳамаҷониба ба мардуми азияткашидаи Афғонистонро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кардааст.

Дар ин робита зикр гардид, ки Тоҷикистон имконоти логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро барои интиқоли борҳои башардӯстона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба Афғонистон фароҳам оварда, илова бар ин, Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба ин кишвар идома медиҳад.

«Мо омодаем минбаъд ба ин раванд ҳамаҷониба кумак кунем, то заминаҳои зарурӣ барои истиқрори сулҳу субот, амният ва эҳёи иҷтимоию иқтисодии он дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон фароҳам оварем», – таъкид кардааст Ашӯриён дар мулоқот. 

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҷаласа Изҳороти муштараки Ҷаласаи сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, инчунин Ташаббуси Тунси барои дастгирии эҳёи иқтисод дар Афғонистон қабул гардид.

Дар Изҳороти муштарак дар баробари пешниҳодҳои дигари Тоҷикистон, ташаббуси раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон сабт шудааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз, 31 март нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин, ки меҳвари он ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон аст, баргузор мегардад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Музаффар Ашуриён  роҳбарӣ мекунад.

Ҷониби Чин гуфтааст, ки ҳадаф аз ин нишаст “ба даст овардани як тавофуқи бештар дар мавриди Афғонистон” хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2021 Покистон минзбони нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон буд. Мулоқоти дуввум бо иловаи Русия моҳи октябри соли гузашта дар Теҳрон баргузор шуда буд, ки дар кори он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ширкат намуд.

Ӯ гуфта буд, ки Тоҷикистон ҳукумати ба таври зӯрӣ ва бидуни ризоияти мардум ба қудрат омадаро дар Афғонистон ба расмият намешиносад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти Афғонистон талош кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.