Ворух,Фархор ва навоҳии водии Рашт ҳам аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар доданд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ноҳиия Фархори вилояи Хатлон ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати сарбозиро 100 %  иыро кардаанд. Субҳи имрӯз ВМКБ нахустин шуда аз иҷрои нақшаи даъват хабар дода буд. Бар асоси фармони вижаи раисҷумҳур дар Тоҷикистон нақшаи даъват ба артиш, имрӯз, 1-уми апрел оғоз шуд.

Хабаргузории давлатии «Ховар» иттилоъ медиҳад, ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад дар сад, Тоҷикобод 105, Нуробод 101 ва Рашт 100,7 дарсад иҷро намудаанд.

Гуфта мешавад, ки аксари даъватшудагон барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ноҳияи Фархор ва минтақаи Рашт ихтиёран ҳозир шуда, зикр кардаанд, ки барои дифои Ватани худ ҳамеша омодаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ба 90  наваскарони раштӣ, ки курси ронандагии ҷамъияти «Мададгори мудофиа» – ро хатм намудаанд ва барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.

Ҳамчунин масъулони ҷамотаҳои деҳоти Ворӯх, Чоркӯҳ ва Нурафшони шаҳри Исфара низ аз иҷрои нақшаи даъват паём додаанд. Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи шаҳрдории Исфара хабар додааст. 

Имрӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба сафҳои артиши нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят 102,5 % иҷро кард. Ҷавонони бадахшӣ, низ тайи як маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба хидмати Ватан гусел карда шуданд.

Бино ба маълумоти ҳукумати ВМКБ ҳоло ноҳияи Дарвоз 114%, Мурғоб 110%, Роштқалъа 100%, Рӯшон 100%, Хоруғ 100%, Шуғнон 100%, Ишкошим 100% ва ноҳияи Ванҷ 100%-и нақшаи даъватро иҷро кардаанд, ки ба ҳисоби умумӣ дар сатҳи вилоят 102,5%-ро дар бар гирифтааст.  Ин соли аввал нест, ки ҷавонони ВМКБ нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро мекунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...