Кӯҳистони Масчоҳу Спитамен пешсаф: Дар Суғд наваскаронро бо нонгазиву оши палав гусел карданд

Мақомоти Суғд бо додани оши палаву рақсу бозӣ гурӯҳи нахустини ҷавононро ба хидмати аскарӣ гусел карданд. Мақомот иҷрои дарсадии нақшаи даъватро расман эълом накарданд, вале гуфтанд беш аз 1000 нафар ҷавонро ба хидмат фиристоданд. Гурӯҳи нахустини ҷавонони Суғдро, субҳи 4-уми апрел баъди як чорабинии хоси фарҳангӣ аз Амфитеатри “Қасри Арбоб” ба хидмат сафар карданд. Мақомоти […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Мақомоти Суғд бо додани оши палаву рақсу бозӣ гурӯҳи нахустини ҷавононро ба хидмати аскарӣ гусел карданд. Мақомот иҷрои дарсадии нақшаи даъватро расман эълом накарданд, вале гуфтанд беш аз 1000 нафар ҷавонро ба хидмат фиристоданд.

Гурӯҳи нахустини ҷавонони Суғдро, субҳи 4-уми апрел баъди як чорабинии хоси фарҳангӣ аз Амфитеатри “Қасри Арбоб” ба хидмат сафар карданд. Мақомоти вилоят дар муқоиса бо ВМКБ, бархе навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон ва аз иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияи мушххасе ном набурданд, ки вале гуфтанд, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Спитамен назар ба 16 шаҳру ноҳияи дигар пешсафанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар маросими гусели наваскарон,  ҳозиршавии ҷавононро далели дарк ва масъулияти баланди онҳо барои ҳимояи Ватан номид.

Ба иттилои ширкатдорони чирабинӣ, имсол ба ҷузъ чорабинии фарҳангии рақсу бозӣ ва маросими анъанавии нонгазонӣ, мақомот барои 3 ҳазор нафар афсарону сарбозон ва даъватшавандагон оши палав пухтааст. 

Гуфта мешавад баъди кушодани дастархон ва хӯрдани оши палав зӯҳри имрӯз ҷавононро барои хидмат ба ҳарбӣ гусел кардаанд.

Дар рӯзи нахустини даъвати ҷавонон ба хидмат, сухангӯйи ҳукумати Исфара  Зубайдулло Шомадов гуфта буд, ки ҷамоатҳои Ворух, Чоркӯҳ ва Нурафшони ин шаҳр нақшаро сад дарсад иҷро кардааанд.

Дар мавсими имсоли даъвати баҳорӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда рӯзи 1-уми апрел хабар дод, ки дар сар то сари вилоят нақша 102,5% иҷро шуд.   

Ҳамчун субҳи имрӯз, беш аз 1000 нафар ҷавони вилояти Хатлон тайи як маросими хос ба хидмат сафарбар шуданд. 

Комиссариати вилояти Хатлон мегӯяд дар ин вилоят ноҳияҳои Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хисрав нақшаи ҷалби ҷавонон ба аскариро то ин дам иҷро кардаанд. 

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни чорабинии гусели ҷавонон ба хидмат гуфтааст, ки ҳамасола онҳо зиёда аз 1000 нафар ҷавонро дар курсҳои ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ ва пойафзолдӯзӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб мекунанд. Вай изҳор доштааст, “имсол бо маблағгузории курсҳои ронандагӣ дар сохторҳои созмони "Мададгори мулофиа" дар қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ барои ин кор 3 миллиону 390 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.