Ширкати 28 паҳлавони тоҷик дар Tashkent Asian Cadet Cup & Tashkent Asian Junior Cup 2022

Asia-Plus

Дар сабқатҳои Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки имрӯз дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон оғоз шуданд 28 паҳлавони Тоҷикистон ширкат мекунанд. Сабқатҳо миёни наврасон рӯзҳои 5-6 ва миёни ҷавонон рӯзҳои 7-8 апрел баргузор мешаванд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳои Tashkent Asian Cadet Cup &  Tashkent Asian Junior Cup 2022 28 ҷудокор  –  8 наврас ва 20 нафар дар сабқати ҷавонон, муаррифӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар сабқатҳо миёни наврасон аз Тоҷикистон Икром Шамсов (-50kg), Исмоил Холбобоев (55kg), Муҳаммадиқбол Охунзода (-60kg), Ҳилол Раҳмонов (-60kg), Абдулло Рустамзода (60kg), Ҳамза Шарифов (-66kg), Ҷаҳонгир Норов (-81kg) ва Абдусамади Ҷумъазода (-90kg) ширкат мекунанд.

Намояндаҳои Тоҷикистон дар сабқати ҷавонон ҷудокороне чун Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Абдулло Сайфуллоев, Файзулло Давлатов (ҳар се дар вазни (-60kg), Анушервон Қувватов, Фирӯзҷони Мелибойзода, Эмомалӣ Нуралӣ (ҳар се дар вазни -66kg), Масъуди Аҳмадзод, Сунатулло Мусоев, Сайфиддин Боймирзоев, Абубакр Боқиев (ҳар чор дар вазни -73kg), Муҳаммадиқбол Тошов, Сунатулло Лоиқов, Кароматулло Мирзоев, Музамир Каримзода (ҳар чор дар вазни -81kg), Мӯҳсин Малаев, Сомонӣ Кишваров (ҳар ду дар вазни -90kg), Мансур Раҳмон, Эмомризо Анварзода (ҳар ду дар вазни -100kg) ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100kg мебошанд.

Ин мусобиқот соати 10.00 имрӯз ба ваҳти Душанбе оғоз шуданд, ки  марҳилаи ниҳоии сабқатҳо соати 17.00 оғоз мешавадва ин тартиб то поёни мусобиқаҳо давом мекунад. 

Имрӯз миёни наврасон бонувони вазнҳои  -40 kg. -44 kg, -48 kg, -52 kg ва мардони вазнҳои -50 kg. -55 kg. -60 kg, -66 kg вориди рақобат мешаванд. 

Фардо,6-уми апрел бонувони -57 kg.-63 kg. -70 kg, +70 kg ва мардони  -73 kg, -81 kg, -90 kg, +90 kg ҳунарнамоӣ мекунанд.
 Рӯзи 7-уми апрел сабқатҳои ҷавонон оғоз мешаванд, ки дар рӯзи аввал бонувони вазнҳои -40 kg, -44 kg, -48 kg, -52 kg ва мардони вазнҳои -50 kg, -55 kg, -60 kg, -66 kg ба майдон мебароянд. 

Дар рӯзи 8-уми апрел бонувон дар вазнҳои -57 kg,-63 kg, -70 kg, +70 kg ва мардон дар вазнҳои  -73 kg,-81 kg, -90 kg, -100 kg, +100 kg бахти варзишии худро месанҷанд.

Дар ин мусобиқот, миёни наврасон 312 варзишгар (233 мард ва 79 зан), байни ҷавонон 187 варзишгар (128 мард ва 59 зан) аз 4 кишвари қора ширкат меварзад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...