Қазоқистон содироти гандумро маҳдуд кард. Тоҷикистон дар ташвиш бошад ё не?

Қазоқистон ба содироти орду зироати ғалладона маҳдудият ҷорӣ намуда, дар Тоҷикистон бошад, изҳор мекунанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳаҷми зарурии маводи ғизоӣ, аз ҷумла зироати ғалладона ва орд захира шудааст. Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифт, ки ба содироти зироати ғалладона ба муҳлати 2 моҳ (то 1 июн) дар ҳаҷми 1 млн тонна маҳдудият ҷорӣ мекунад. Дар ин […]

Қазоқистон ба содироти орду зироати ғалладона маҳдудият ҷорӣ намуда, дар Тоҷикистон бошад, изҳор мекунанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳаҷми зарурии маводи ғизоӣ, аз ҷумла зироати ғалладона ва орд захира шудааст.

Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифт, ки ба содироти зироати ғалладона ба муҳлати 2 моҳ (то 1 июн) дар ҳаҷми 1 млн тонна маҳдудият ҷорӣ мекунад. Дар ин бора сомонаи Eldala.kz хабар медиҳад, ки ба инъикоси масоили бахши кишоварзӣ машғул аст.

Ширкатҳои соиркунандаро ба фурӯши ҳатмии 10%-и зироати ғалладона дар бозори дохилӣ уҳдадор мекунанд. Ба ин тариқ, ҳаҷми содироти зироати ғалладона дар як моҳ ба ҳисоби миёна 500 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки аз рӯи натиҷаҳои моҳи феврал он дар сатҳи 600 ҳазор тонна ва бо тамоили афзоиш қарор дошт.

Дар мавриди орд низ қарори маҳдудият ба муддати 2 моҳ дар ҳаҷми 300 ҳазор тонна бо фурӯши ҳатмии 10%-и он дар бозори дохилӣ қабул шудааст. Дар натиҷа, ҳаҷми содирот ба ҳисоби миёна дар як моҳ 150 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод ва ва ин ҳам дар ҳолест, ки аз рӯи натиҷаҳои моҳи феврал он дар сатҳи 120 ҳазор тонна қарор дошт.

Дар ҳамин ҳол, вобаста ба вазъият дар бозорҳои ҷаҳонии гандум ва орд, ҳам дароз шудани муҳлати маҳдудият ва ҳам пеш аз муҳлат бекор шудани он имкон дорад.

Палатаи миллии соҳибкорони “Атамекен” зарур донист, ки маҳдудият (лимит)-и гандум дар ҳаҷми 2 млн тонна муқаррар шавад, лекин ғаллапарварон содироти 3 млн тоннаро имконпазир донистанд. Аммо ҳукумат дар пасманзари ҳарос аз такрори хушксолӣ ва интизориҳои бӯҳрони ҷаҳонии ғизо, сатҳи онро поин бурд.

Вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев ба хабаргузории “Казинформ” изҳор доштааст, ки содиркунандагон зироати ғалладонаро дар бозори дохилӣ фурӯхтан намехоҳанд ва интизоранд, ки кай нархҳо боло мераванд.

Ин чӣ гуна ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир мерасонад

Тоҷикистон зиёда аз 90% аз ҳаҷми умумии воридоти гандумро маҳз аз Қазоқистон мехарад. Соли 2021 Тоҷикистон аз ин кишвар ҳудуди 1 млн тонна гандум ворид намуд.

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳоро оид ба пешгирии хавфи имконпазири таъсири буҳрон ба иқтисоди миллӣ қабул кард, ки он ба таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла орд равона шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҷумҳурӣ бо захираи кофии маҳсулоти хӯроквории зарурӣ таъмин аст. Танҳо дар соли 2021 ба маблағи ҳудуди  80 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ истеҳсол шуда, аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли орд 828 ҳазор тонна, гандум – 876 ҳазор тонна, нон ва маснуоти нонӣ – 415 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Дар робита ба ин, захира ва иқтидорҳои ватанӣ талаботи бозори истеъмолиро ба нон ва маснуоти макаронӣ дар сатҳи лозим таъмин карда метавонанд.

“Дар баробари ин, воридоти гандум тибқи қарордодҳои амалкунанда аз шарикони тиҷоратӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар ҷумҳурӣ бидуни монеъа идома дорад”, – гуфтаанд дар ҳукумати Тоҷикистон.

Тавре ки маълум аст, солҳои буҳронии пешина низ Қазоқистон ба содироти гандум маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ мекард, лекин Тоҷикистон мувофиқи квота ба воридоти он идома медод.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имсол дар 611 ҳазору 797 гектар кишти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла дар зиёда аз 200 гектар кишти зироати ғалладона пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.