ВАО: Шоҳида Маҳмадҷонова ҳамкориашро бо “Гуруҳи 24” эътироф кардааст. 7 апрел додгоҳ оғоз мешавад

Мақомот таҳқиқи парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов ба поён расонидаву ба додгоҳ ирсол кардаанд. Тафтишот ин занро дар ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” муттаҳам медонанд. Аммо наздикони Маҳмадҷонова аз оғози қазия то кунун иттиҳоми мақомотро рад мекунанд.  Ба нақли пайвандонаш, Шоҳида Маҳмадҷоноваи 45-сола рӯзи 3-юми феврал ба Шуъбаи корҳои дохилии […]

Мақомот таҳқиқи парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов ба поён расонидаву ба додгоҳ ирсол кардаанд. Тафтишот ин занро дар ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” муттаҳам медонанд.

Аммо наздикони Маҳмадҷонова аз оғози қазия то кунун иттиҳоми мақомотро рад мекунанд. 

Ба нақли пайвандонаш, Шоҳида Маҳмадҷоноваи 45-сола рӯзи 3-юми феврал ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат даъват шуд ва дигар ба хона барнагашт. Мақомот давоми панҷ рӯз боздошти ӯро тасдиқ ё рад намекарданд. Ин кор нигаронии пайвандони Маҳмадҷонова ба миён овард. Пайвандони ӯ бо фиристодани нома ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул ва Омбудсмен хостаанд, макони нигоҳдории ӯро ошкор кунанд. ВКД шоми 8-уми феврал дастгир шудани Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ кард.

Манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 4 апрел хабар додааст, ки парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шуда, эҳтимол меравад нахустин баррасии он рӯзи 7-уми апрел баргузор шавад.

Мақомот то кунун дар бораи ҷузъиёти айбнома маълумот надодаанд. Вале манбаъҳои огоҳ аз парванда бо шарти зикр нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова дар ҷараёни тафтишот айбномаро пазируфтааст. Яъне эътироф кардааст, ки бо созмони мамнуи “Гуруҳи 24” ҳамкорӣ доштааст. Далели чунин ҳамкорӣ гӯё аз телефони дастии ӯ дарёфт шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки ин телефон, ба гуфтаи наздиконаш, чанд моҳ дар дасти корманди умури дохилӣ буд. Маҳмадҷонова 3-юми феврал барои гирифтани телефони худ даъват ва он ҷо ба ҳабс гирифта шуд.

Гуфта мешавад, ин ҳам маълум нест, ки эътирофи Маҳмадҷонова таҳти чӣ шароите сурат гирифтааст.

Худи блогер Шерзод Маҳмадҷонов қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор намуда буд, ки афроди наздик ба ҳукумат шартҳои озодии модарашро гуфтанд ва ҳама чиз ба ӯ рабт мегирад. "Пас аз боздошти модарам ба ман чанд шарт пешниҳод карданд. Гуфтанд, ягона касе, ки модаратро наҷот дода метавонад, худи ту ҳастӣ. Барои ин, бояд ба Тоҷикистон баргардам. Дуюм, бояд аз ҳукумат узр пурсам. Ин шартҳо аз тарафи мақомдорон буданд, ки тавассути саҳифаҳои фейкӣ дар Фейсбук ва Ютуб ба ман пешниҳод шуд," – гуфта буд вай.

Парванда ба Шоҳида Маҳмадҷонова аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Писари ӯ Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Абдураҳмон 09 фаъол аст, аз Олмон барнома пахш карда, мақомотро дар заминаи сатру ҳиҷоб танқид мекард.

Шерзод Мамадҷонов рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бо гузашти ду моҳ аз боздошти модараш, то ҳол пайвандон ӯро надидаанд. Қаблан ВКД зикр карда буд, ки барои дидору боздоштшуда бо пайвандону наздиконаш ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Ин ҳам рӯшан нест, то куҷо Шоҳида Маҳмадҷонова аз хидмати ҳуқуқшиносон бархӯрдор аст.

Тирамоҳи соли 2014 Суди олии Тоҷикистон “Гуруҳи 24”-ро ифротгаро эътироф намуда, фаъолияташро дар қалдамрави кишвар манъ кард. Ин гуруҳи мухолиф соли 2012 дар Русия аз ҷониби Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев таъсис дода шуд. Бо дархости Тоҷикистон даҳҳо ҷонибдорони “Гуруҳи 24” дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия, Беларус, Туркия боздошт шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва мухолиф ҳукумати Тоҷикистонро барои таъқиби аъзои мухолифин дар кишвар борҳо мавриди интиқод қарор додаанд. Душанбеи расмӣ ин интиқодро рад мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.