Раиси Кумитаи забон: Қоидаҳои имлои тоҷикӣ иваз ва “Ъ” аз алифбо бардошта намешавад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва берун андохтани аломати “Ъ”- ро аз алифбои забони тоҷикӣ рад кард.

Ӯ дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба тозагӣ аз сӯи ҳукумати кишвар тобистони соли гузашта қабул шуд ва “касе ҳақ надорад, ки ба он як ҳарф ва ё нуқтаву вергул илова кунад”.

Номбурда, ҳамчунин, баҳсҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи ҳазфи аломати “Ъ”-ро сӯйитафоҳум ва бардошти ғалати  аз хабари нашркардаи сайти порлумони кишвар номид. Дар ҳоли ҳозир ин хабар аз сайти порлумон пок карда шудааст.

– Бо қарори ҳукумати кишвар Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ соли гузашта қабул шуд ва тағйироте дар имло дар назар нест. Гурӯҳи корӣ панҷ сол кор кард ва бо қарори ҳукумат имло тасдиқ шуд. Дигар роҳи бозгашт нест. Ҳамин имлои тасдиқшуда қобили истифода аст ва дигар ягон ҳарфу вергулу нуқтаашро касе ҳаққи иваз кардан надорад. Аломати “Ъ”- ро низ аз алифбои забони тоҷикӣ намебардорем, – гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Ӯ афзуд, онҳоро ба Маҷлиси намояндагон даъват карданд, ки Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикиро ба кормандонашон шарҳ диҳанд ва онҳо танҳо қоидаҳои нави имлоро шарҳу тафсир кардаанд.

– Мо танҳо шарҳу тафсир додем, ки дар асоси Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ҳарфҳо чунин навиштаву чунин хонда мешавад, тамом. Ҳарфе дар мавриди тағйиру табдил набуд, – гуфт раиси Кумитаи забон.

Ӯ дар робита ба бахши дигари масъала, ки дар мавриди баргардонидани ҳарфҳои иқтибосии русӣ ц, щ, ь, ы буд, гуфт, воқеан соли 2020 вақте лоиҳаи қоидаҳои имло баррасӣ мешуд аз ҷонби вазоратҳоии корҳои дохилӣ ва хориҷӣ чунин пешниҳодҳо шуд, вале он дар ниҳоят ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ворид нагардид.

– Яке аз вакилон савол дод, ки чунин пешниҳодҳо шуда буд ва шумо онро чӣ гуна баррасӣ кардед. Мо гуфтем, ин пешниҳодро гурӯҳи корӣ баррасӣ кард, вале онҳо ба қоидаҳои имло роҳ наёфтанд, – гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Дар ҳаимн ҳол, ду рӯз мешавад, дар сегменти тоҷикии шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дар робита ба як хабари парлумони Тоҷикистон дар мавриди “номи ҳарфи “Ъ” ва мавқеи он дар калимасозиву навиштор ба забони тоҷикӣ” баҳси тунде идома дорад ва корбарон даъво доранд, ки вакилони парлумон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ният доранд, ҳарфи “ъ”- ро аз алифбои забони тоҷикӣ ҳазв кунанд.

Рӯзи 1 апрели соли равон палати поёнии парлумони Тоҷикистон хабари як семинар-машваратро бо иштироки роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳот нашр кард ва он баъди се рӯз ба шабакаи иҷтимоӣ роҳ ёфта, боиси баҳси тунд ва норозигии корбарон қарор гирифт.

Дар хабар гуфта мешавад, ки дар парлумон дар мавзӯи “Таҳлил ва омузиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:- Қоидаҳои имлои забони тоҷики ва аломатҳои китобат» семианр-машварат баргузор гардид, ки дар он раиси кумитаи забон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар робита ба таҳияи лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ маълумот дод.

Ӯ аз ҷумла, дар робита ба ҳарфи “Ъ”, ки имрӯз боиси баҳси гарм шудааст, зикр намуд, ки “ҳамчунин, дар лоиҳаи Қоидаҳои мазкур номи ҳарфи Ъ ва мавқеи он дар калимасозиву навиштор ба забони тоҷикӣ, ки то кунун мушкилӣ эҷод мекард, мавриди баррасӣ қарор гирифта, корбурди он мушаххасан нишон дода шуд”.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз корбарон бо ишора ба хабари нашршуда дар сойти порлумон, аз он нигаронӣ кардаанд, ки вакилони парлумон ва раёсати Кумитаи забон тасмим доранд, ки ҳарфи “Ъ”- ро аз алифбои забони тоҷикӣ ҳазф кунанд, ки ин боиси ноҷурии калимаҳо ва дар маҷмӯъ, хилофи забони тоҷикӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, аз парлумони Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки вакилони тоҷик масъалаи берун кардани ҳарфи “Ъ”- ро дар алифбои забони тоҷикӣ баррасӣ накардаанд ва ин як семинари машваратӣ дар порлумон буд, ки тибқи нақша баргузор гардид.

– Парлумон дар доираи кумита нақшаи муҳокимаи парлумонӣ дорад ва ин навбат раиси Кумитаи забон ва истилоҳти назди ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард. Ӯ дар ин муҳокимаи парлумонӣ баромад кард ва мо хабарашро дар сомонаамон нашр кардем. Парлумон аз бардоштани ҳарфи “ъ” дар забони тоҷикӣ дахл надорад. Ин дар салоҳияти Кумитаи забон ва ислоҳоти Тоҷикистон аст,- гуфтанд аз парлумони Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...