Қазоқистон маҳдудиятҳои заминиро бо ҳамсояҳояш бекор кард. Ин ба Тоҷикистон дахл дорад?

Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯянд, то ба ҳол дар робита ба кушода шудани роҳҳои заминӣ миёни ду кишвар мактуби расмӣ дастрас накардаанд ва бекор шудани маҳдудиятҳои роҳҳои замини миёни Қазоқистон ва ҳамсояҳояш ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл надорад. Хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон хабар дод, ки аз 11 апрели соли равон ин кишвар маҳдудиятҳои убури сарҳади […]

Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯянд, то ба ҳол дар робита ба кушода шудани роҳҳои заминӣ миёни ду кишвар мактуби расмӣ дастрас накардаанд ва бекор шудани маҳдудиятҳои роҳҳои замини миёни Қазоқистон ва ҳамсояҳояш ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл надорад.

Хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон хабар дод, ки аз 11 апрели соли равон ин кишвар маҳдудиятҳои убури сарҳади заминиро бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор мекунад.

Ҳарчанд дар изҳороти ҳукумати Қазоқистон омдааст, ки “барои шаҳрвандони Қазоқистон, шахсони бешаҳрвандӣ ва хориҷиён маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор карда шавад”, вале масъулини сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯянд, ин тасмим ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл надорад ва онҳо наметавонанд, тавассути ҳамсояи Қазоқистон вориди ин кишвар шаванд.

Як масъули сафорати Тоҷикитсон дар Қазоқистон Умар Юнусзода дар суҳбати телефонӣ бо “Азия – Плюс” гуфт, онҳо дар робита ба боз шудани роҳҳои заминӣ миёни ду кишвар мактуб ирсол кардаанд ва интизори посуханд.

– Мо мактуб ирсол кардаем, бояд рӯзҳои наздик воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи роҳҳои заминӣ ба Қазоқистон маълум шавад Агар миёни Тоҷикистону Қазоқистон роҳҳои заминӣ кушода шавад, баъд шаҳрвандони мо метавонанд, ки аз дуюм давлат вориди Қазоқистон вордид шавнад. Агар роҳҳои заминӣ боз шавад, ба мо мактуби расмӣ ирсол мекунанд. Дар ҳоли ҳозир то мактуби расмӣ нашавад, муълумоти дуруст дода наметавонем. Дар сурати кушодашавии роҳҳои заминӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон мо ба таври иловагӣ дар сомонаи сафорат ва саҳифаҳои он дар шбакаҳои иҷтимоӣ маълумот медиҳем, – гуфт Умар Юнусзода.

Номбурда афзуд, ҳоло миёни Тоҷикистону Қазоқистон танҳо парвозҳои ҳавоӣ кушода аст ва тоҷикон метавонанд тавассути ҳавопаймо вориди Қазоқистон шаванд.

Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон аз 16 март ва Русия аз 30 март маҳдудиятҳои ҷоришуда дар давраи пандемияро барои гузаштани сарҳади заминӣ бо Қазоқистон бекор карда буданд.

Моҳи марти соли равон як масъули сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон дар суҳбат бо мо гуфта буд, ки тасмими Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар робита ба боз шудани сарҳади заминӣ байни ду кишвар танҳо ба шаҳрвандони худи Ӯзбекистон ва Қазоқистон рабт дорад ва тоҷикон наметавонанд, сарҳади заминии Ӯзбекистон ба Қазоқистон ворид шаванд.

Ҳамасола дар фасли баҳор, ки мавсими ба муҳоҷират рафтани аҳолӣ аст, шаҳрвандони Тоҷикистон аз сабаби гарон будани билети ҳавопаймо тавассути ҳавопаймоҳо ё гузаргоҳҳои заминии Ӯзбекистон ва Қазоқистон вориди Русия мешаванд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.