Ронандаи автобуси ба 7 мошин бархӯрда ҷаримаро пардохта, акнун хона ҳам сохта метавонад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Назар Назаров, ронандаи автобусе, ки ба 7 автомашинаи такси бархӯрд, ба туфайли пулҳои барои ӯ ҷамъоварда натанҳо маблағи ҷарима ва таъмири автомашинаҳоро пардохт карда метавонад, балки акнун имкон дорад, ки барои худ хонаи нав ҳам созад.

Ширкати “Рахш такси” (3333) ҳамаи хароҷоти таъмиру барқарор намудани автомашинаҳои осебдидаро ба уҳда худ гирифта, барои он 315 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Дар ин бора дар блоги худ дар YouTube блогери тоҷик Қурбон Неъматов хабар дод, ки ба аёдати оилаи ронандаи автобус ба ноҳияи Варзоб рафт.

Тақдири Назар Назаров, ки рӯзи 2 апрел автобусаш ба 7 автомашинаи такси бархӯрд, тайи ду ҳафтаи ахир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ронанда имкон надошт, ки ҷарима ва маблағи хароҷоти ба ӯ таъиншударо пардохт намояд.

Ронанда дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар хонаи хурдакаки иҷора бо волидони пираш қашшоқона зиндагӣ мекунад. Маълум шуд, ки пешбурди рӯзгор барои Назаров хеле душвор буда, маоши ӯ базӯр ба маҳсулоти ниёзи аввалия мерасад.

Пас аз садамаи нақлиёт ӯ бояд ҷарима ва пардохти маблағи таъмири автомашинаҳо ва автобусро пардохт мекард, ки ҳудуди 315 ҳазор сомониро ташкил дода, барои оилаи Назаровҳо ин як пули ҳангуфте ҳисоб меёбад.

Пас аз нашри хабар дар бораи ин садама, аксарият тасмим гирифтанд, ки ба ронанда барои хароҷоти таъмири автомашинаҳо кумак мекунанд. Касоне ҳам буданд, ки чунин “нияти нек”-ро намефаҳмиданд ва бар ин назар буданд, ки  ронандаи автобус худаш гунаҳкор буда, агар солим набошад, пас сари чанбараки автобус нишастанаш лозим набуд.

Блогерон тасмим гирифтанд, ки ӯро дастгирӣ намуда, ба мардум шароити зиндагии ронандаро нишон диҳанд. Наворҳои манзили Назаров ва ашку дархости имдоди модари ӯ аҳли ҷомеаро водор намуд, ки ба ҳалли мушкили ронанда дасти ёрӣ дароз кунанд. Барои пардохти хароҷоти ронанда натанҳо ширкати “Рахш такси”, балки мардуми меҳрубону дилсӯз низ пул ҷамъ карданд.

Дар навори видеои Қурбон Неъматов дида мешавад, ки дар хонаи фақиронаи Назаров ва волидонаш пулҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Ин пул аз “Рахш такси” ва мардуми дилсӯзу меҳрубон аст.

Блогер дар навори видео мегӯяд, ин миқдор пул натанҳо барои пардохти ҷаримаву хароҷот, балки барои сохтмони хона барои оилаи Назаровҳо ҳам мерасад.

Дар ҳамин навор ҳамчунин нишон дода мешавад, ки чӣ гуна блогер ҳамроҳи Назаров ба ронандагони таксиҳои осебдида пули зиёнашонро медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...