Амният ва обёрӣ: мулоқоти раисони вилоятҳои Суғду Бодканди Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, имрӯз 12-уми апрел дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара мулоқот карданд. Мақомот мегӯяд, мавзуи меҳварии ин мулоқот марбут ба захираҳои обёрӣ дар минтақаҳои марзӣ ва ташкили гуруҳи корӣ буд. Дар ин мулоқот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳамроҳи ҳайате аз роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ аз ҷониби Тоҷикистон бо намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон ва […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, имрӯз 12-уми апрел дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара мулоқот карданд. Мақомот мегӯяд, мавзуи меҳварии ин мулоқот марбут ба захираҳои обёрӣ дар минтақаҳои марзӣ ва ташкили гуруҳи корӣ буд.

Дар ин мулоқот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳамроҳи ҳайате аз роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ аз ҷониби Тоҷикистон бо намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон ва ҳамзамон раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев дидору гуфтугуй кардааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ҷонибҳо дар ин мулоқот хостори тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирии муноқишаҳо ва ҳолатҳои ба муноқишаҳо сабабшаванда таъкид кардаанд. Ҳайати ду ҷониб гуфтаанд, мардумони ду кишвар асрҳо инҷониб дар канори ҳам зиндагӣ доранд ва бояд анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ минбаъд низ риоя карда шавад.

“Гуфта шуд, ки таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар ҳарду тараф низ масъалаи асосӣ буда, бояд ҷонибҳо дар ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ фаъолият намоянд. Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки вобаста ба масъалаи истифода аз захираҳои обӣ дар сатҳи муовинони раисони вилоятҳо ва роҳбарони идораҳои обёрии ду тараф гуруҳи корӣ ташкил шуда, масъалаҳои мавҷуда дар ин самтро баррасӣ ва якҷо ҳал созанд”.

Ҷузъиёти дигари ин мулоқот то ҳол дастрас нест. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.