Кӯлоб: соҳибкоре дар мағозааш “Гӯшаи хайр” боз кард ва ба ниёзмандон маҳсулоти ройгон медиҳад

Дар Кӯлоб як соҳибкор, дар мағозааш “Гӯшаи хайр” кушода, дар ин гӯша молу маҳсулоти ниёзи аввалро мегузорад, то мардуми фақир ва ниёзманд аз ин гӯша маҳсулоти хӯрокиро  ройгон дарёфт кунанд. Ин мағоза бо номи “Ҳафт бародарон” дар кӯчаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст ва Абдураҳмон Абдулазизов, молики ин мағоза мегӯяд, ки се сол аст […]

Билоли Шамс, барои Asia-Plus

Дар Кӯлоб як соҳибкор, дар мағозааш “Гӯшаи хайр” кушода, дар ин гӯша молу маҳсулоти ниёзи аввалро мегузорад, то мардуми фақир ва ниёзманд аз ин гӯша маҳсулоти хӯрокиро  ройгон дарёфт кунанд.

Ин мағоза бо номи “Ҳафт бародарон” дар кӯчаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст ва Абдураҳмон Абдулазизов, молики ин мағоза мегӯяд, ки се сол аст чунин иқдомро дар моҳи Рамазон роҳандозӣ мекунанд.

“Ин соли сеюм аст, мардуми ниёзманд хеле ҳастанд. Барои ҳамин мо дар ин гӯша навиштаем, ки як кас ҳақ дорад танҳо як маҳсулот бигирад. Мо аз мардуми дигар ҳам даъват кардаем, ки биёянду дар ин гӯшаи мо саҳм гузоранд. Ин гуна бародарон ҳам кам нестанд. Холӣ шуд, онҳо харида пур мекунанд”,-мегӯяд соҳиби мағоза.

Соҳибони ин мағоза ин гӯшаро дар замони ҳамагирии вируси куруно ҳам ташкил карда буданд. Ҳоло масъулони ин ибтикор кортҳои онкӣ низ боз кардаанд ва аз онҳое, ки мехоҳанд ба мардуми ниёзманд ёрӣ бирасонанд, хостаанд ба ин кортҳо пул гузаронанд, то онҳо харида ин гӯшаро доимо пур нигаҳ доранд.

Иқдоми соҳибони ин мағоза дар шабакаҳои иҷтимоӣ истиқболи гарм шуда, хелеҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки саҳмгузорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.