Сафири Тоҷикистон дар Украина: “Сафорат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад”

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Украина кори худро бо реҷаи муқаррарӣ оғоз намуд, хабар дод сафири Тоҷикистон дар Киев Давлаталӣ Назризода дар саҳифаи худ дар Facebook.

“Сафорати Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад, ки шурӯъ аз 4 апрели соли 2022 сафорат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият мекунад. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе истироҳат аст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар шарҳҳои зери ин навишта сафир дар бораи вазъияти Киев изҳори назар мекунад.

“Мо дар Киев қарор дорем. Вазъи шаҳр нисбатан ором аст. Сафорат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад. Шаҳрвандони кишвар ба мо муроҷиат мекунанд. Ба берун аз ҳудуди шаҳри Харков ва дигар минтақаҳои хавфнок баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад”, – навиштааст сафир.

Қаблан дар сафорат ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буданд, ки дар он ҷо хатти телефони шабонарӯзӣ фаъол буда, шаҳрвандон тариқи рақами +380933361040 метавонанд ба онҳо муроҷиат кунанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, то оғози даргириҳои низомӣ зиёда аз 4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина қарор доштанд ва ин ҳам бидуни назардошти собиқ сокинони ҷумҳурӣ, ки шаҳрвандии Украинаро қабул кардаанд.

Аз оғози даргириҳои низомӣ зиёда аз 1 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистон (Полша) рафтанд.

Аз ин шумор то имрӯз 413 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла занону шахсони пиронсол ва ноболиғон ба ватан баргардонида шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...