Сафири Тоҷикистон дар Украина: “Сафорат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад”

Сафорати Тоҷикистон дар Украина кори худро бо реҷаи муқаррарӣ оғоз намуд, хабар дод сафири Тоҷикистон дар Киев Давлаталӣ Назризода дар саҳифаи худ дар Facebook. “Сафорати Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад, ки шурӯъ аз 4 апрели соли 2022 сафорат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият мекунад. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе истироҳат аст”, – гуфта мешавад дар хабар. Дар […]

Сафорати Тоҷикистон дар Украина кори худро бо реҷаи муқаррарӣ оғоз намуд, хабар дод сафири Тоҷикистон дар Киев Давлаталӣ Назризода дар саҳифаи худ дар Facebook.

“Сафорати Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад, ки шурӯъ аз 4 апрели соли 2022 сафорат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият мекунад. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе истироҳат аст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар шарҳҳои зери ин навишта сафир дар бораи вазъияти Киев изҳори назар мекунад.

“Мо дар Киев қарор дорем. Вазъи шаҳр нисбатан ором аст. Сафорат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад. Шаҳрвандони кишвар ба мо муроҷиат мекунанд. Ба берун аз ҳудуди шаҳри Харков ва дигар минтақаҳои хавфнок баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад”, – навиштааст сафир.

Қаблан дар сафорат ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буданд, ки дар он ҷо хатти телефони шабонарӯзӣ фаъол буда, шаҳрвандон тариқи рақами +380933361040 метавонанд ба онҳо муроҷиат кунанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, то оғози даргириҳои низомӣ зиёда аз 4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина қарор доштанд ва ин ҳам бидуни назардошти собиқ сокинони ҷумҳурӣ, ки шаҳрвандии Украинаро қабул кардаанд.

Аз оғози даргириҳои низомӣ зиёда аз 1 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистон (Полша) рафтанд.

Аз ин шумор то имрӯз 413 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла занону шахсони пиронсол ва ноболиғон ба ватан баргардонида шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.