Вазорати меҳнат: маоши миёна дар Тоҷикистон 12% зиёд шуд

Дар хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ аз фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2022 натиҷагирӣ шуд. Мувофиқи ҳисоботи хадамоти марбутаи Вазорат, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 12% зиёд шудааст. Тибқи ҳисоботи Агенти меҳнат ва шуғл, то 1 феврали соли 2022 маоши миёнаи номиналӣ 1 ҳазору 619,1 […]

Дар хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ аз фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2022 натиҷагирӣ шуд. Мувофиқи ҳисоботи хадамоти марбутаи Вазорат, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 12% зиёд шудааст.

Тибқи ҳисоботи Агенти меҳнат ва шуғл, то 1 феврали соли 2022 маоши миёнаи номиналӣ 1 ҳазору 619,1 сомониро ташкил додааст, ки 173,8 сомонӣ ё худ 12% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Музди меҳнати ҳадди ақал (номиналӣ) 400 сомониро ташкил дода, тибқи маълумоти Вазорат, нимсолаи дуюм андозаи он то 600 сомонӣ боло бурда мешавад.

Бино ба маълумоти Агентӣ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 дар Тоҷикистон 339 ҳазору 686 субъектҳои хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳиссаи бештари онро хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ – 168 ҳазору 90 адад ташкил дода, шумори корхонаву муассиса ва ташкилот ба 31 ҳазору 356 адад баробар аст.

Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон зиёда аз 140 ҳазор соҳибкорон фаъолият доранд, ки 103 ҳазору 581 нафарашон бар асоси патент ва 35 ҳазору 659 нафарашон тибқи шаҳодатнома кор мекунанд.

Ҳамчунин маълумоти омории Вазорати меҳнат аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин нашр шудааст:

Аҳолии Тоҷикистон – 9 млн 838 ҳазору  400 нафар

Шуғли расмӣ  – 2 млн 506 ҳазору 200 нафар

Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол – 2 млн 533 ҳазору 200 нафар

Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ нофаъол – 3 млн 193 ҳазор нафар

Муҳоҷирони корӣ  – 387 ҳазор нафар

Шахсони бекор – 58 ҳазор нафар

Шуғли ғайрирасмӣ – 150 ҳазор нафар

Захираҳои меҳнатӣ – 5 млн 726 ҳазору 200 нафар

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.