Вазорати меҳнат: маоши миёна дар Тоҷикистон 12% зиёд шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ аз фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2022 натиҷагирӣ шуд. Мувофиқи ҳисоботи хадамоти марбутаи Вазорат, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 12% зиёд шудааст.

Тибқи ҳисоботи Агенти меҳнат ва шуғл, то 1 феврали соли 2022 маоши миёнаи номиналӣ 1 ҳазору 619,1 сомониро ташкил додааст, ки 173,8 сомонӣ ё худ 12% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Музди меҳнати ҳадди ақал (номиналӣ) 400 сомониро ташкил дода, тибқи маълумоти Вазорат, нимсолаи дуюм андозаи он то 600 сомонӣ боло бурда мешавад.

Бино ба маълумоти Агентӣ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 дар Тоҷикистон 339 ҳазору 686 субъектҳои хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳиссаи бештари онро хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ – 168 ҳазору 90 адад ташкил дода, шумори корхонаву муассиса ва ташкилот ба 31 ҳазору 356 адад баробар аст.

Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон зиёда аз 140 ҳазор соҳибкорон фаъолият доранд, ки 103 ҳазору 581 нафарашон бар асоси патент ва 35 ҳазору 659 нафарашон тибқи шаҳодатнома кор мекунанд.

Ҳамчунин маълумоти омории Вазорати меҳнат аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин нашр шудааст:

Аҳолии Тоҷикистон – 9 млн 838 ҳазору  400 нафар

Шуғли расмӣ  – 2 млн 506 ҳазору 200 нафар

Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол – 2 млн 533 ҳазору 200 нафар

Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ нофаъол – 3 млн 193 ҳазор нафар

Муҳоҷирони корӣ  – 387 ҳазор нафар

Шахсони бекор – 58 ҳазор нафар

Шуғли ғайрирасмӣ – 150 ҳазор нафар

Захираҳои меҳнатӣ – 5 млн 726 ҳазору 200 нафар

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...