Эълони роҳбандиҳо дар Суғд дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон: аз Хуҷанд то Ашту Исфара

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд дар робита ба сафари кории раисҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят бо интишори эъломе гуфтааст, аз 15 то 17-уми апрел роҳу кӯчаҳои чанд шаҳру ноҳияҳои Суғд муваққатан баста мешавад.

Субҳи имрӯз, 14-уми апрел сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд ва дар назар аст дар идомаи ин сафар ба шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров бираванд.

Ба иттилои БДА-и вилояти Суғд, дар робита ба ин сафар санаи 15-уми апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Деҳмой-Конибодом, ҳудуди ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ҳудуди ҷамоати Деҳмой ва Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи марказии Сартӯқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои Р.Ҳоҷиев, И.Сомонӣ, Р.Ҷалил, Сирдарё ва Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон муваққатан баста мешавад.

Инчунин рӯзи 16-уми апрел кӯчаҳои марказии ҷамоатҳои Понғоз, Ашт, кӯчаи И.Сомонӣ ва шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ва 17-уми апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Исфара.

Бозрасӣ аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзъҳои болозикр ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...