Эълони роҳбандиҳо дар Суғд дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон: аз Хуҷанд то Ашту Исфара

Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд дар робита ба сафари кории раисҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят бо интишори эъломе гуфтааст, аз 15 то 17-уми апрел роҳу кӯчаҳои чанд шаҳру ноҳияҳои Суғд муваққатан баста мешавад. Субҳи имрӯз, 14-уми апрел сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд ва дар назар аст дар […]

Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд дар робита ба сафари кории раисҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят бо интишори эъломе гуфтааст, аз 15 то 17-уми апрел роҳу кӯчаҳои чанд шаҳру ноҳияҳои Суғд муваққатан баста мешавад.

Субҳи имрӯз, 14-уми апрел сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд ва дар назар аст дар идомаи ин сафар ба шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров бираванд.

Ба иттилои БДА-и вилояти Суғд, дар робита ба ин сафар санаи 15-уми апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Деҳмой-Конибодом, ҳудуди ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ҳудуди ҷамоати Деҳмой ва Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи марказии Сартӯқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои Р.Ҳоҷиев, И.Сомонӣ, Р.Ҷалил, Сирдарё ва Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон муваққатан баста мешавад.

Инчунин рӯзи 16-уми апрел кӯчаҳои марказии ҷамоатҳои Понғоз, Ашт, кӯчаи И.Сомонӣ ва шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ва 17-уми апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Исфара.

Бозрасӣ аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзъҳои болозикр ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.