Дар Ӯзбекистон тифли вазнаш 7 кило ба дунё омад

Дар таваллудхонаи иттиҳодияи тиббии ноҳияи Сурхондарё тифли духтарчаи вазнаш 7 кило ба дунё омад, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба маълумоти ҳокимияти вилоят. “Кӯдак бо усули ҷарроҳии чоки қайсар (кесарево сечение) таваллуд шуда, вазъи саломатии модару кӯдак хуб аст”, – гуфтааст Санъат Қодиров, сардухтури иттиҳодияи тиббӣ. Дар ҳокимият зикр кардаанд, ки ин тифли таваллудшуда вазнинтарин […]

Дар таваллудхонаи иттиҳодияи тиббии ноҳияи Сурхондарё тифли духтарчаи вазнаш 7 кило ба дунё омад, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба маълумоти ҳокимияти вилоят.

“Кӯдак бо усули ҷарроҳии чоки қайсар (кесарево сечение) таваллуд шуда, вазъи саломатии модару кӯдак хуб аст”, – гуфтааст Санъат Қодиров, сардухтури иттиҳодияи тиббӣ.

Дар ҳокимият зикр кардаанд, ки ин тифли таваллудшуда вазнинтарин дар вилояти Сирдарьё буда, духтарча барои зани 24-сола фарзанди аввалин аст.

Вазни маъмулии кӯдаки навзод аз 2,5 то 4 кило буда, тифли навзоди зиёда аз 4 кило аз ҳадди меъёр зиёд аст. Дар таърихи муосир кӯдаки навзоди вазнинтарин соли 1955 дар Италия ба дунё омад, ки вазнаш 10 кило буд.

Соли 2012 дар вилояти Хэнан кӯдаки вазнаш 7 килою 30 грамм таввалуд шуд. Тобистони соли 2016 дар Аврупо якбора ду тифли вазнин таваллуд шуданд. Моҳи август дар Испания духтарчаи вазнаш 6 килову 20 грамм таваллуд шуд.

Духтарча рекордсмен шуд: то ин дам дар қаламрави кишвар тифлон бо чунин вазн бо роҳи табиӣ таваллуд нашуда буданд. Як моҳ  пештар дар шаҳри Лейпсиги Олмон кӯдаке ба дунё омад, ки вазнаш 6 килову 110 грамм ва дарозии қадаш 57,5 сантиметрро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.