Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш амалкарди марзбонони ҳамсояро маҳкум ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо шуд

Бар пайи ҳодисаи тирпаронии шоми 12-уми апрел дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва деҳаи Борбодуки Қирғизистон, дирӯз, 13-уми апрел вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизияш Руслан Қазоқбоев суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора телеграмканали Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.  Дар ин суҳбат, вазири тоҷик амалкарди марзбонони қирғизро маҳкум карда, талаб […]

Бар пайи ҳодисаи тирпаронии шоми 12-уми апрел дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва деҳаи Борбодуки Қирғизистон, дирӯз, 13-уми апрел вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизияш Руслан Қазоқбоев суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора телеграмканали Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар ин суҳбат, вазири тоҷик амалкарди марзбонони қирғизро маҳкум карда, талаб кардааст, ки таҳқиқоти холисона гузаронида шавад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷонибҳо ҳодисаи 12-уми апрелро, ки дар пай қурбонӣ дошт, баррасӣ кардаанд.

"Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчнин ду тараф дар мавриди масоили доғи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугузор карда, масъалаи омодагӣ ба нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки 13-уми май дар Душанбе дар назар гирифта шуааст ва ҳамчунин вохурии вазирони хориҷии Осиёи Марказиро баррасӣ кардаанд",- омадааст дар ин хабарнома.

Вазирони ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки бо ҳам тамосҳои доимӣ хоҳан дошт.

Бояд гуфт, ки бар пайи тирпаронӣ дар ин нуқтаи марзӣ, як сарбози 27-солаи тоҷик, Зоир Саидумаров кушта шуд. Дирӯз бар пайи он мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон бо ҳузури раисиони вилоятҳои Суғду Бодканд ва фармондеҳони Неруҳои марзбонии ду кишвар ва масъулони дигари низомиву маҳаллӣ баргузор шуд, ки бар пайи он се протокол ба имзо расид. Аммо ҷузъиёти протоколҳо шарҳ дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.