“Интиқоли пул 4,5 баробар афзуд”. “Бонки Эсхата”норасоии пулро дар банкоматҳо шарҳ дод

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар “Бонки Эсхата” дар бораи ҳолати норасоии пул дар банкоматҳо, сабабҳои афзоиши босуръати талабот ба пули нақд ва тадбирҳои андешида дар ин самт изҳори назар карданд.

Дар робита ба болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон афзоиши босуръати ҳаҷми интиқоли маблағ ба мушоҳида мерасад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар бонк.

“Муҳоҷирон фаъолона ба интиқоли маблағҳои қаблан ҷамъкардаашон ба Тоҷикистон оғоз карданд, ки дар натиҷа ҳаҷми миёнаи якрӯзаи интиқоли пул ба “Бонки Эсхата” нисбат ба охири моҳи феврал 4,5 баробар афзоиш ёфт. Илова бар ин, корхонаҳо дар аввал ва охири моҳ ба коргарони худ музди меҳнат медиҳанд, ки ин ҳам сарбории (хидматрасонии) бонкҳоро дар таъмини шаҳрвандон бо пули нақд зиёд мекунад”, – гуфтанд дар бонк.

Ҳамчунин зикр шуд, ки сатҳи ҳисоббаробарии ғайринақдӣ дар дохили Тоҷикистон яке аз омилҳои дигари ба вуҷуд омадани чунин ҳолат аст, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо он дар Тоҷикистон хеле паст мебошад.

Бино ба маълумоти расонаҳои интернетӣ, соли 2021 ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар Русия ҳудуди 60%, Қирғизистон – 40% ва Қазоқистон – 77%-ро ташкил медиҳад.

“Тибқи маълумоти омории Бонки миллии Тоҷикистон, ҳиссаи ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10%-ро ташкил дода, мутаносибан 90%-и он ба гардиши нақдӣ рост меояд, ки ин ҳам ба таъмини банкоматҳо ва шабакаи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ бо пули нақд таъсир мерасонад”, – изҳор доштанд дар “Бонки Эсхата”.

Зикр шуд, ки омилҳои зикршуда натанҳо ба “Бонки Эсхата”, балки ба дигар ташкилотҳои қарзӣ дар таъмини аҳолӣ бо пули нақд таъсир расониданд.

Лекин ин мушкил муваққатӣ арзёбӣ шуда, бонкҳо, аз ҷумла “Бонки Эсхата” бо дастгирии Бонки миллӣ барои беҳтар шудани вазъ дар ин самт тадбирҳо рӯйи даст мегиранд.

Бонки мазкур аз аҳолии ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки вобаста ба ин ҳолат ба таҳлука наафтанд.

“Ба ҳар сурат, дар ҳолате, ки пули нақд ба шумо хеле зарур аст, бо дастрас будани он шумо аз банкоматҳо пул гирифта метавонед”, – гуфтанд дар бонк.

Қобили зикр аст, ки дар саросари кишвар 200 банкомати “Бонки Эсхата” гузошта шуда, то ба охир расидани маҳдудияти (лимити) шабонарӯзии пули нақд, шаҳрвандон муддати тамоми шабонарӯз маблағҳои худро бо пули нақд аз онҳо гирифта метавонанд.

Шарҳи дигар бонкҳо дар мавриди норасоии пул дар банкоматҳо дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...