Се протокол ба имзо расид: Хулосаи мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Пас аз як рӯзи тирпаронӣ ва музокирони чандсоата дар марз фармондеҳони неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бегоҳии 13-уми апрел зери се протокол имзо гузоштанд. Ин музокирот аз субҳ то бегоҳии имрӯз, 13-уми апрел дар минтақаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон? ҳаммарз бо ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома кард. Аммо ҷузъиёти ин протоколҳо шарҳ дода намешавад.  Зафарбек […]

Пас аз як рӯзи тирпаронӣ ва музокирони чандсоата дар марз фармондеҳони неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бегоҳии 13-уми апрел зери се протокол имзо гузоштанд.

Ин музокирот аз субҳ то бегоҳии имрӯз, 13-уми апрел дар минтақаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон? ҳаммарз бо ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома кард.

Аммо ҷузъиёти ин протоколҳо шарҳ дода намешавад. 

Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди ҷамъбасти чандсоатаи музокирот бегоҳии имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар ниҳояти музокирот миёни фармондеҳони неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва  Уларбек Шаршеев се протокол ба имзо расид.

Давлатзода мазмуни умумии тавофуқоти ҳосилшударо чунин шарҳ дод:

 “Қувваҳои иловагӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шаванд. Ҷонибҳо ҳаёти осоиштаи сокинони наздимарзиро таъмин кунанд ва сабабу омилҳои муноқишаи ахир пурра омӯхта шавад. Роҳбарони идораҳои хоҷагии об ва замини вилоятҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ тақвият бахшида, бо назардошти манфиати тарафҳо аз захираҳои обии минтақа якҷо ва самаранок истифода намоянд, аз бандҳои протокол буд”.

Субҳи имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдикарим Алимбаев раиси вилояти Бодканд низ якҷоя бо фармондеҳону роҳбарони сохторҳои қудратӣ сари мизи музокирот нишаста, хостори пас кашидани неруҳо аз хатти марз шуда буданд.

Дар тирпаронии ёдшуда, ки шоми 12-уми апрел, соати 18.30 рух дод, бар асрари тирпаонӣ як марзбони 27-солаи тоҷик Зоир Саидумаров аз тири марзбонони қирғиз кушта шуд ва имрӯз, 13-уми апрел дар зодгоҳаш ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба хок супурда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.