Дар шаҳри Душанбе ва дигар минатқаҳои ҷумҳурӣ сокинон аз навбатпойиҳои зиёд назди банкоматҳо ва норасоии пули нақд шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, рӯзҳои истироҳат қариб аз ҳамаи банкоматҳо бо корт пул гирифтан ғайриимкон буд.
Доир ба дар банкоматҳои «Амонатбонк», «Спитамен Бонк», «Бонки Эсхата», «Душанбе Сити» ва навбатҳои зиёд ба онҳо барои гирифтани пул корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, суратҳо ҳам нашр карданд.
Яке аз корбарони “Азия-Плюс” аз ноҳияи Рӯдакӣ суратҳое фиристод, ки дар онҳо навбати одамон дар назди филиали “Бонки Эсхата” барои ба бонк даромадан ва гирифтани пули нақд дида мешавад, зеро банкоматҳо кор намекунанд ва ё дар онҳо пул нест.
Ба гуфтаи корбари мо, дар навбат тақрибан 160 нафар истода буданд.
“Лекин дар муддати се соат, яъне аз соати 8 то 11 бонк ҳамагӣ ба 20 мизоҷи худ хидматрасонӣ карда тавонист”, – иброз дошт ӯ.
Корбари дигари Facebook бо номи Нуралӣ Давлат навиштааст, ки “банкоматҳои “Амонатбонк”, “Эсхата”, “Душанбе Сити”, “Ориёнбонк” умуман маблағ надоранд”.
“Аз Кангурт – Данғара то Душанбе мутаасифона, натавонистам маблағ гирам. Масъулини мақомоти марбута хоҳишмандам шарҳ диҳед, ки дар банкоматҳоятон чӣ иллате шудааст?”, – навиштааст номбурда.
“Мизоҷони бонкҳои дигар аз банкоматҳои мо истифода мебаранд”
Дар “Спитамен бонк” ба “Азия-Плюс” норасоии муваққатии пули нақдро дар банкоматҳо эътироф намуда, изҳор доштанд, ки онҳо имкон надоранд, ки дар рӯзҳои истироҳат банкоматҳоро бо пул пур кунанд, зеро аксарияти шуъбаҳои онҳо истироҳат карда, инкассаторҳо кор намекунанд.
“Агар шумо аз низоми бонкӣ огаҳӣ дошта бошед, медонед, ки барои пур кардани як банкомат иҷозаи якчанд шуъба лозим аст. Ба сурати умум, дар бонки мо норасоии пули нақд ба мушоҳида намерасад”, – иброз дошт мутахассиси хидматрасони мизоҷони “Спитамен Бонк” Заррина Ҷӯраева.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки норасоии пул барои он ба вуҷуд меояд, ки пулҳоро аз банкоматҳои онҳо мизоҷони дигар бонкҳо мегиранд.
“Мувофиқи имкон мо банкоматҳоро бо пул таъмин мекунем ва бинобар сабаби дар банкоматҳои мо мавҷуд будани пули нақд, мизоҷони дигар бонкҳо кӯшиш мекунанд, ки пулҳояшонро тариқи онҳо гиранд, ки ин ҳам ба норасоии пул дар рӯзҳои истироҳат таъсир мерасонад”, – мегӯяд Заррина Ҷӯраева.
Дар Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” норасоии пулро дар банкоматҳо ҳамчунин бо он шарҳ доданд, ки рӯзҳои истироҳат ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия якбора зиёд шуд.
“Тибқи мушоҳидаҳои мо, назди банкоматҳо зиёд ҷамъ шудани мардум дар рӯзҳои охир ва аввали ҳар моҳ ба назар расида, чунин ҳолат 5-6 рӯз давом мекунад, зеро дар ин вақт маошу нафақа ба кортҳо гузаронида шуда, мардум ҳама дар як вақт ба гирифтани онҳо мераванд. Боз як сабаб он аст, ки интиқол ба кортҳои бонкӣ меафзояд”, – изҳор дошт дар ин робита котиби матбуотии “Амонатбонк” Дилафрӯз Раҳматова.
Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳамчунин зикр кард, ки мизоҷони дигар бонкҳо низ аз банкоматҳо пул мегиранд.
“Дар баробари дигар сабабҳо зикр кардан муҳим аст, ки мизоҷони дигар бонкҳо, яъне дорандагони “Корти миллӣ” низ кӯшиш мекунанд, ки аз банкоматои мо пули нақд гиранд”, – изҳор дошт ӯ.
“Интиқоли пул бамаротиб зиёд шуд”
Дар ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” низ ба “Азия-Плюс” ду сабаби дар банкоматҳо мавҷуд набудани пулро дар рӯзҳои истироҳат номбар карданд.
“Сабаби аввал он аст, ки як ҳалқа ба вуҷуд омад, яъне қрби рубл боло рафта, ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия бамаротиб афзуд ва авҷи болоравии қурб ба рӯзҳои истироҳат рост омад. Сабаби дуюм – зиёдтар пул гирифтани мардум ба назар мерасад, ки мо инро меомӯзему таҳлил мекунем”, – гуфтанд дар ин ҷо.
Зикр шуд, ки онҳо ҳаҷми бо пул таъмин кардани банкоматҳор чандин маротиба зиёд кардаанд.
“Ҳаҷми таъмини банкоматҳоро бо пул якчанд маротиба зиёд карда, ҳамаҷониба талош дорем, ки дар банкоматҳо ҳамеша пул бошад. Аз 8 то 11 апрел дар Душанбе 239 банкомат, дар Бохтар – 52, дар Кӯлоб – 49 ва дар вилояти Суғд – 189 банкомат бо пул таъмин карда шуданд”, – изҳор намуданд дар “Душанбе Сити”.
Дар “Бонки Эсхата” ба мо ваъда доданд, ки ояндаи наздик масъалаи норасоии пулро дар банкоматҳо шарҳ хоҳанд дод.
Қобили зикр аст, ки ба “Азия-Плюс” дар бораи мавҷуд набудани пулу навбатпойиҳо дар бонку ташкилотҳои дар боло зикршуда арзу шикоятҳо расид. Боз дар банкоматҳои кадом бонкҳо шумо ба норасоии пул дучор шудед?
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.