Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш амалкарди марзбонони ҳамсояро маҳкум ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо шуд

Asia-Plus

Бар пайи ҳодисаи тирпаронии шоми 12-уми апрел дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва деҳаи Борбодуки Қирғизистон, дирӯз, 13-уми апрел вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизияш Руслан Қазоқбоев суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора телеграмканали Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар ин суҳбат, вазири тоҷик амалкарди марзбонони қирғизро маҳкум карда, талаб кардааст, ки таҳқиқоти холисона гузаронида шавад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷонибҳо ҳодисаи 12-уми апрелро, ки дар пай қурбонӣ дошт, баррасӣ кардаанд.

"Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчнин ду тараф дар мавриди масоили доғи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугузор карда, масъалаи омодагӣ ба нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки 13-уми май дар Душанбе дар назар гирифта шуааст ва ҳамчунин вохурии вазирони хориҷии Осиёи Марказиро баррасӣ кардаанд",- омадааст дар ин хабарнома.

Вазирони ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки бо ҳам тамосҳои доимӣ хоҳан дошт.

Бояд гуфт, ки бар пайи тирпаронӣ дар ин нуқтаи марзӣ, як сарбози 27-солаи тоҷик, Зоир Саидумаров кушта шуд. Дирӯз бар пайи он мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон бо ҳузури раисиони вилоятҳои Суғду Бодканд ва фармондеҳони Неруҳои марзбонии ду кишвар ва масъулони дигари низомиву маҳаллӣ баргузор шуд, ки бар пайи он се протокол ба имзо расид. Аммо ҷузъиёти протоколҳо шарҳ дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...