Соли хониш дар мактабҳо имсол 1 июн ҷамъбаст мешавад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Интизор меравад, соли хониши имсол барои хонандагони мактабҳои Тоҷикистон 1 июн ҷаъбаст шавад. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, дарсҳо барои синфҳои 1 рӯзи 25 майи соли 2022 ба анҷом мерасад.

Имсол имтиҳони хатм ва аз синф ба синфгузаронии хонандагони синфҳои 5 то 11 аз 3 то 20 июн баргузор мешавад.

Аз Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ҷамъбасти дарс дар донишкадаву донишгоҳҳо вобаста ба нақшаву барномаҳои худи онҳо амалӣ мешавад.

Баҳси анҷоми соли хониш солҳост, ки дар кишвар доғ аст. Чанд соле пеш, 25 май ҳамаи дарсҳо дар кишвар ба анҷом мерасид. Баъдан ин санаро ба 1 июн, дертар ба 7 июн, чанд соли охир ба 14 июн оварданд. Ин дар байни волидон норозигӣ ба миён меовард.

Зоҳиран ба ин баҳс соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нуқта гузошт. Ӯ рӯзи 1 сентябр  зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳод кард, ки соли таҳсил дар кишвар ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки соли гузашта бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва паҳншавии мавҷи нави бемории зикршуда тибқи дастури Ҳукумати мамлакат анҷоми дарсҳо аз 14-уми июн ба 7-уми июн гузаронида шуд.

– Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдоиши бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин, мавқеи географӣ, обу ҳавои мамлакат, ҳолати равонии кӯдакон, имконияти вақту соатҳои дарсӣ ва барномаву стандартҳои таълимӣ мо бояд дар доираи ислоҳоти соҳа ба ин масъала нигоҳи нав ва воқеӣ дошта бошем,- афзуда буд Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорф ва илми Тоҷикистон дар охирин нишасти матуботии ниҳоди зери роҳбариаш дар мавриди дароз кардани соли таҳсил дар кишвар посух дода буд, ки ин “ба иқлим, муҳити ҷуғрофӣ, табиат ва дигар ҳолатҳо вобаста аст.

– Масъалаи дигар, мо аллакай ба низоми дигари таҳсилот гузаштем ва ин низом вақту соат буҷети навро талаб мекунад. Падару модар андешаи як нафарро мекунанд, мо пешбарандаи ҳамин сиёсат ҳастем, мо таҳлил мекунем, меомӯзем таҳқиқ мекунем, – гуфта буд вазири маориф.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...