Нархҳо дар Тоҷикистон 2,4% боло рафтанд. Кадом маҳсулот қимат шуд?

Дар семоҳаи аввали соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 2,4%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Ин нишондиҳанда 0,9 банди фоизӣ пасттар аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 мебошад. Бино ба маълумоти манбаъ, дар ин давра нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 3,9% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 1,5% боло рафта, арзиши […]

Дар семоҳаи аввали соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 2,4%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Ин нишондиҳанда 0,9 банди фоизӣ пасттар аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар ин давра нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 3,9% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 1,5% боло рафта, арзиши хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ бошанд, ба андозаи 0,3% поин рафт.

Байни маҳсулоти ғизоӣ гуруҳи зерини молу маҳсулот гарон шуд:

– сабзавот – 21,1%;

– шакар (қанд) – 10,1%;

– шир – 9,9%;

– маснуоти нонӣ ва ярма (донагиҳо) – 5,5%;

– моҳӣ –  5%;

– мева –  2,5%.

Нарҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа асосан аз ҳисоби гароншавии маҳсулоти зерин ба амал омад:

– маҳсулоти доруворӣ – 7,6%;

– сӯзишвории дизелӣ – 8%;

– бензин – 2,9%;

– маводи шустушӯйӣ – 1,5%.

Дар Агентии омор поинравии нарх ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолиро дар семоҳаи якум дар навбати аввал ба арзоншавиии гази моеъ (ба андозаи 5,9%), хидматрасониҳои истифодаи нақлиёт (0,9%), аз ҷумла нақлиёти ҳавоӣ (3,4%) ва нақлиёти мусофирбар (0,5%) марбут медонанд.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, пешгӯиҳои ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ  чандон хушбинона ва умедворкунанда нестанд.

Дар гузориши аввали моҳи апрел нашршудаи Бонки осиёии рушд (БОР) имсол сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар сатҳи бесобиқа – 15% пешбинӣ шудааст.

Таҳлилгарони БОР пешгӯиҳои худро бо болоравии нархи маводи сӯхт ва маҳсулоти хӯроквории воридотӣ, инчунин фишор ба сомонӣ бар асари босуръат поинравии рубли русӣ асоснок мекунанд.

Ҳамчунин пешгӯии худро онҳо бо болоравии маошу нафақаи кормандони давлатӣ ва таърифаҳо ба неруи барқ нисбат медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.