Бо $300 то Истанбул. Бо хатсайри Душанбе-Истанбул Turkish Airlines акнун се парвоз анҷом медиҳад.

Аз 21 май ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines бо хатсайри Душанбе-Истанбул дар як ҳафта се парвоз анҷом медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон. “Аз 21 май ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines аз Душанбе ба Истанбул ва бозгашт аз он дар як ҳафта се парвоз –  анҷом медиҳад – рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва […]

Аз 21 май ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines бо хатсайри Душанбе-Истанбул дар як ҳафта се парвоз анҷом медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон.

“Аз 21 май ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines аз Душанбе ба Истанбул ва бозгашт аз он дар як ҳафта се парвоз –  анҷом медиҳад – рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе аз Душанбе ба Истанбул ва рӯзҳои якшанбе, чоршанбе ва ҷумъа – аз Истанбул ба Душанбе. Вақти парвоз аз Душанбе соати 05:25 ва аз Истанбул ба Душанбе – соати 20:45 бо вақти маҳаллӣ”, – гуфтанд дар ширкат.

Дар сомонаи расмии Turkish Airlines нархи билет ба хатсайри рӯзи 21 май ба самти Душанбе-Истанбул 300 доллар билети дараҷаи эконом-класс ва 1 ҳазору 48 доллар дараҷаи бизнес-класс муқаррар шудааст. Дар бозгашт билетҳо мутаносибан 395 доллар ва 1 ҳазору 169 доллар нарх доранд.

Зиёд шудани парвозҳоро аз Душанбе ба Истанбул ва бозгашт аз он ба “Азия-Плюс” дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон тасдиқ карданд.

“Агентӣ аз 15 апрел ба ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Turkish Airlines” ҷиҳати иҷрои парвозҳо ба самти Душанбе-Истанбул-Душанбе дар як ҳафта се маротиба иҷоза дод. Дар кадом рӯзҳои ҳафтаву аз кай ва дар кадом вақт иҷро шудани парвозҳоро худи ширкатҳо муайян мекунанд”, – зикр карданд дар Агентӣ.

Айни замон бо хатсайри Душанбе-Истанбул ва бозгашт аз он ширкати «Turkish Airlines» рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе ва “Сомон Эйр” – рӯзҳои сешанбе ва ҷмуъа парвозҳо ба иҷро мерасонанд.

Арзиши билети ширкати Turkish Airlines бо хатсайри Душанбе-Истанбул дар рӯзи 21 апрел 447 доллар зикр шудааст.

Нархи билети ширкати “Сомон Эйр”  бо хатсайри Душанбе-Истанбул дар сомонаи ширкат 276 евро нишон дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.