2,2 миллиён маоши муҳоҷирон дар Русия аз корфармоён рӯёнда шудааст

Мусои Бобоҳоҷӣ, Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар семоҳаи аввали соли 2022 намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони тоҷик беш аз 2 миллиону 200 ҳазор рубли русӣ маошеро рӯёнидааст, ки  корфармоён нахмехостаанд бипардозанд. Ин маблағ дар асоси 49 муроҷиате рӯёнида шудааст, ки ба намояндагӣ расидааст.

Намояндагии вазорати меҳнат дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар медиҳад, ки дар ин муддат 49 муҳоҷири кории тоҷик ба далели напардохтани маош ба ин идора муроҷиат кардаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки зимни баррасии муроҷиатҳо, аз ҷумла, нақзи қонунгузории меҳнати Русия аз ҷониби як ширкати сохтмонӣ, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон А.С.З маоши 5-моҳаро напардохтааст, ошкор гардида, маблағи умумии он 327 ҳазору 800 рублро  ташкил додааст. 

«Инчунин, маош ба шаҳрванд Н.Х.С. ба маблаги 175 хазор рубл, ба  Г.С. 40 ҳазор рубл ва ба шаҳрванд Ж. С. Р 100 ҳазор рубл сарфи назар аз иҷрои талаби корфармо пардохт карда шуд. Намояндагӣ баъди қабули муроҷиатҳо бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо корфармоён – роҳбарони ташкилотҳои сохтмонӣ дар тамос шуда, масъалаи пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатии тарафҳоро, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Русия ва созишномаҳои дуҷониба байни ду кишвар баста шудаанд, баррасӣ намуданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷа корфармоён ба ин муҳоҷирон 642 ҳазору 800 рубл маош пардохт намуданд. 

Намояндагии Вазорати меҳнат ба муҳоҷирони тоҷик тавсия медиҳад, ки қабл аз оғози кор бо корфармо шартномаи меҳнатӣ банданд. Ҳамчунин ҳатмӣ аст, ки дар давоми 2 моҳ аз рӯзи гирифтани патент барои кор бо фиристодани нусхаи шартномаи меҳнатӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи фаъолияти кориашон хабар диҳанд.

Ин тадбир ҳамчунин имкон медиҳад, ки муҳоҷири корӣ бидуни убури сарҳади давлатӣ мӯҳлати патент барои фаъолияти меҳнатӣ дар Русия тамдид шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...