Киев аз монеаҳо барои гуфтугӯҳо бо Маскав хабар дод

Муҳосираи Мариупол аз сӯи Русия гуфтугӯҳои Киев бо Москваро душвор кардааст, гуфт Михаил Подоляк, мушовири дастгоҳи президенти Укроин ва узви гуруҳи музокиракунандаи Киев рӯзи сешанбе. Подоляк афзуд, ки ҳоло маълум нест, гуфтугӯҳои мустақим миёни ҷонибҳо кай сурат мегиранд. Ба гуфтаи ин узви гуруҳи музокиракунанда, талоши Русия барои тақвияти мавзеаш тавассути ҳамлаҳои нав дар Донбасс яке аз […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Муҳосираи Мариупол аз сӯи Русия гуфтугӯҳои Киев бо Москваро душвор кардааст, гуфт Михаил Подоляк, мушовири дастгоҳи президенти Укроин ва узви гуруҳи музокиракунандаи Киев рӯзи сешанбе.

Подоляк афзуд, ки ҳоло маълум нест, гуфтугӯҳои мустақим миёни ҷонибҳо кай сурат мегиранд. Ба гуфтаи ин узви гуруҳи музокиракунанда, талоши Русия барои тақвияти мавзеаш тавассути ҳамлаҳои нав дар Донбасс яке аз дигар монеаҳои гуфтугӯҳост.

Рӯзи 19 апрел гуруҳи силоҳбадасти "ДНР" аз ҳамлаи нав ба корхонаи "Азовстал" хабар дод. Ин корхона яке аз пойгоҳҳои муҳими муқовимати Укроин зидди ҳамлагарони Русия аст.

Рӯзи сешанбе вазорати мудофиаи Русия ба низомиҳои Укроин, ки аз "Азовстал" ҳимоят мекунанд, пешниҳод кард, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва тасли шаванд. Расонаҳо менависанд, ин севумин пешниҳоди Русия ба ҳомиёни Мариупол аст.

Артиши Русия ва ҷудоихоҳони ба ном "Ҷумҳурии мардумии Донетск" Мариуполро ибтидои моҳи март муҳосира карданд. Аз он замон то кунун "поккорӣ"-и шаҳр идома дорад. Дар ин шаҳр то 3 ҳазор низомии Укроин мавҷуд аст.

Бори охир Русияву Укроин ба таври мустақим барои оташбас ва сулҳ рӯзи 20 март дар Истамбули Туркия мулоқот карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.