“Толибон” ҳам ҳамлаи ДОИШ аз Афғонистон ба Ӯзбекистонро рад карданд

Гуруҳи "Толибон" ҳам хабарҳои ҳамлаи гуруҳи ДОИШ аз Афғонистон ба Ӯзбекистонро рад карданд. Абдулқаҳори Балхӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Толибон, рӯзи сешанбе бо интишори твите парттоби шудани ракет аз хоки Афғонистон ба шаҳри Термизи Ӯзбакистонро ро овоза хонда ва рад кард. Ҳукумати Узбекистон ҳам иддаои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар мавриди ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон […]

Гуруҳи "Толибон" ҳам хабарҳои ҳамлаи гуруҳи ДОИШ аз Афғонистон ба Ӯзбекистонро рад карданд. Абдулқаҳори Балхӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Толибон, рӯзи сешанбе бо интишори твите парттоби шудани ракет аз хоки Афғонистон ба шаҳри Термизи Ӯзбакистонро ро овоза хонда ва рад кард.

Ҳукумати Узбекистон ҳам иддаои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар мавриди ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба ҳуҳуди кишварро рад кард.

Бино ба гузориши гурӯҳи SITE, шохаи “Хуросон”-и ДОИШ рӯзи 18-уми апрел гуфтааст, ба як пойгоҳи низомии Узбекистон дар шаҳри наздимарзии Тирмиз 10 мушак партофт.

Сухангӯи президенти Узбекистон, Шерзод Асадов, рӯзи 19-уми апрел хабарҳоро дар бораи он ки гуё марзбонони ин кишвар аз хоки Афғонистон мушакборон шудаанд, беасос хонд.

Ӯ дар Телеграм навишт: “Бино ба иттилои Вазорати дифоъ ва Хадамоти марзбонии Узбекистон, дар марзи кишвар бо Афғонистон амалиёти ҷангие сурат намегирад ва вазъ ором мебошад.”

Сухангӯи раисҷумҳури Узбекистон аз сокинони он кишвар хостааст, “ба хабару овозаҳои беасос” бовар накунанд.

Дар Вазорати дифои Узбекистон низ гуфтаанд, хабари мушакборон шудани марзбонон дар Тирмиз “ҳақиқат надорад”.

Айни замон шохаи “Хуросон”-и ДОИШ иддао кардааст, ки мушакҳоро аз шаҳраки Ҳайратони Афғонистон партоб кард.

Баъд аз рафтани нерӯҳои амрикоӣ дар моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон, ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамлаҳоро дар ин кишвар ва атрофи он бештар кардаанд.

Иёлоти Муттаҳида моҳи феврали имсол барои маълумот дар бораи раҳбари ДОИШ дар Афғонистон Саноуллоҳ Ғаффорӣ (Шаҳоб ал-Муҳоҷир) ва ёфтани ӯ 10 миллион доллар ҷоиза таъин кард.

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида гуфт, Ғаффорӣ дар моҳи июни соли 2020 раҳбарии ДОИШ таъин шуда буд ва ӯ масъули тасдиқи тамоми амалиёти ҷангҷӯён дар саросари Афғонистон ва таҳияи маблағ барои фаъолияти онҳост.

Амрико Ғаффорӣ ва ду раҳбари дигари гурӯҳи тундравро дар Афғонистон “террористони байнулмилалӣ” номид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.