Тоҷикистон ҳам “Байрақтар” мехарад? Душанбеву Анқара созишномаи низомӣ имзо карданд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Душанбе ва Анқара ба хотири рушди ҳамкориҳои низомӣ созишномаи тавофуқии дифоъ имзо карданд. Ин созишномаро вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ҳангоми сафараш ба Туркия бо ҳамтои туркии худ Хулуси Акар ба имзо расонидааст. Дар ин бора хабаргузории туркии "Анадолу", имрӯз 21-уми апрел хабар медиҳад.

Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ин созишномаи чаҳорчӯбӣ то кунун иттилои расмие нашр накардааст.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо як сафари расмӣ дар Туркия қарор дорад.

Хабаргузории туркӣ менависад, ки ба хотири ташрифи вазири тоҷик ба Анқара ва дидораш бо вазири мудофиаи Туркия Горди фахрии вазорати дифои ин кишвар саф оростаанд.

Манбаъ гуфтаст, ин ташриф бо даъвати вазири мудофиаи Туркия анҷом ёфт ва дар ҳошияи он миёни вазирони дифои Тоҷикистону Туркия бо мақсади рушди ҳамкориҳои низомӣ созишномаи чаҳорчӯбии ҳамкории дифоъ ба имзо расид.

Ба навиштаи ин расонаи туркӣ, вазири тоҷик бо ҳайати ҳамроҳаш бо Хулуси Акар масъалаҳои амнияти дуҷониба, минтақавӣ ва мудофиа, дурнамои ҳамкориҳоро низ баррасӣ кардаанд.

“Хулуси Акар таъкид кардаст, ки Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак доранд. Вай гуфтааст, ки Анқара ба мубодилаи таҷриба бо Тоҷикистон дар масъалаи таъмини ҳифзи сарҳад ва мубориза бар зидди терроризм омода аст”.

Ҳарчанд манбаъ дар бораи ҷузъиёти созишнома чизе нагуфтааст, вале солҳои ахир кишварҳои минтақа ба паҳпод (тайёраҳои бесарнишин)-ҳои истеҳсоли Туркия, ки бо номи "Байрақтар" маъруфанд, таваҷҷуҳи хос доранд.

Вазири мудофиаи Туркия ҳамзамон муҳимияти ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишварро дар соҳаи таҳсилоти низомӣ арзёбӣ кардааст.

Пас аз истиқболи расмӣ, Хулуси Акар ва Шералӣ Мирзо ба макони фармондеҳии қуваҳои заминии Туркия ворид шуда дар ин ҷо мавзуйҳои марказиро баррасӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...