Тоҷикистон зироати ғалладонаи Қазоқистонро бо маҳсулоти имтиёзнок аз Русия иваз кардан мехоҳад

Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои дастрас намудани квотаи зироати ғалладона аз Русия дар шакли тавозуни индикативӣ бидуни боҷи гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин бора дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои имконпазир ба иқтисодӣ миллӣ, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шудааст, сухан меравад. Дар назар аст, […]

Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои дастрас намудани квотаи зироати ғалладона аз Русия дар шакли тавозуни индикативӣ бидуни боҷи гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин бора дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои имконпазир ба иқтисодӣ миллӣ, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шудааст, сухан меравад.

Дар назар аст, ки зироати ғалладонаи имтиёзноки аз Русия дастрасгардида бо рубл пардохт карда шавад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз Тоҷикистон зиёда аз 90%-и зироати ғалладонаро аз Қазоқистон ворид мекунад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 60 млн доллар ҳудуди 203 ҳазор тонна гандум оварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи вазн 7,6% камтар ва аз рӯи арзиш – 12,7% зиёдтар аст.

Талаботи Тоҷикистон ба гандум беш аз 2 млн тонна дар як солро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, ҷумҳурӣ онро дар ҳаҷми 1 млн 200 ҳазор тонна мехарад.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати кишоварзии Қазоқистон ба содироти зироати зироати ғалладона ва орд маҳдудият ҷорӣ кард. Фармони Вазорат 16 апрели ҳамин сол ба имзо расид.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2013 маҳсулоти нафтиро аз Русия бо механизм дар шакли тавозуни индикативӣ мегирад ва зироати ғалладонаро ҳам ба ин тариқ дастрас карданист.

Мувофиқи ин механизм Русия ҳамасола 830 ҳазор тонна маҳуслоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи гумрукии содиротӣ ҷудо мекунад, лекин Тоҷикистон танҳо ҳудуди 600 ҳазори онро мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.