Тоҷикистону Беларус корхонаи муштараки истеҳсоли қолинҳо таъсис медиҳанд

Тоҷикистон ва Беларус ният доранд, ки дар минтақаи озди иқтисодии “Суғд” корхонаи муштараки истеҳсоли қолинҳо таъсис дода, ҳамкориҳои тиҷоратиро байни ду кишвар густариш диҳанд. Масоили мазкур 20 апрел зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко баррасӣ шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумита. Гуфта мешавад, зимни […]

Тоҷикистон ва Беларус ният доранд, ки дар минтақаи озди иқтисодии “Суғд” корхонаи муштараки истеҳсоли қолинҳо таъсис дода, ҳамкориҳои тиҷоратиро байни ду кишвар густариш диҳанд.

Масоили мазкур 20 апрел зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко баррасӣ шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот инчунин масъалаҳои афзоиши содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк ва тақвият додани ҳамкориҳо дар самти рақамикунонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба бо истифода аз имкониятҳои зиёди мавҷуда баён намуданд.

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо навъи саноатӣ-инноватсионӣ соли 2009 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Муносибатҳо байни Тоҷикистону Беларус 5 сентябри соли 1996 роҳандозӣ шуданд. Моҳи феврали соли 1997 дар Минск сафорати Тоҷикистон ва соли 2011 дар Душанбе – сафорати Беларус ба фаъолият оғоз намуданд.

Қобили зикр аст, ки аз Беларус ба Тоҷикистон техника барои сохтмон, мебел ва таҷҳизоти барқӣ, маҳсулоти кимиёвии ғайриорганикӣ ворид шуда, маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ин кишвар пахта, пашм, хушкмева, алюминий ва тухмиҳои равғандорро дар бар мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.