Кормандони яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми гирифтани пора боздошт шуданд

Asia-Plus

КормандониАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду корманди ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони порагирӣ боздошт намуданд.

Тавре ки дар сомонаи расмии Агентӣ хабар дода мешавад, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии ҷамоат Ҳақназар Саъдуллоев дар ҳамдастӣ бо муовини раиси ҷамоат Зокирҷон Гулмуродов аз як шаҳрванд барои кумак ҷиҳати омода карда додани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин 13 ҳазор сомонӣ пул талаб кардаанд.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Саъдуллоев баъди аз шаҳрванд гирифтани маблағи 13 ҳазор 000 сомонӣ дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ  ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, – хабар медиҳад Агентӣ.

Гуфта мешавад, нисбати Саъдуллоев ва Гулмуродов мутобиқи моддаи 247, қ.4, б. “б” – Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Мутобиқи ин модда, онҳо дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гумонбар дониста шуда, ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 64 сомонӣ) – аз 93 ҳазору 440 то 140 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима ё ба муҳлати аз 8 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...