Коҳиши назарраси содироти металлҳои қиматбаҳо аз Тоҷикистон

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 85 млн доллар содироти фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо сурат гирифт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 88% камтар аст. Давоми моҳҳои январ-марти соли гузашта ҳаҷми […]

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 85 млн доллар содироти фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо сурат гирифт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 88% камтар аст. Давоми моҳҳои январ-марти соли гузашта ҳаҷми содироти фулузоти қиматбаҳо ҳудуди 709 млн долларро ташкил дода буд.

Ҳиссаи фулузоти қиматбаҳо дар ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон аз 75% дар ҳамин давраи соли гузашта дар семоҳаи аввали соли равон то ба 18% поин рафт.

Баҳори соли 2020, замони пандемияи COVID-19 фурӯши металлҳои қиматбаҳо ба хориҷи кишвар ба таври назаррас афзуд. Дар шароити марбут ба пандемия, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли пул низ коҳиш ёфта, ба Тоҷикистон лозим омад, ки барои таъмини воридот бо асъори хориҷӣ, қисмате аз захираҳои тиллояшро фурӯшад.

Тибқи маълумоти Агентии омор, тайи ду соли ахир Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 1,6 млрд доллар металлҳои қиматбаҳо фурӯхт, ки ба 46% аз ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар ин давра баробар аст.

Захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон дар Бонки миллӣ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Раҳбарияти Бонки миллӣ моҳи феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки то аввали соли 2022 захираҳои тиллову асъори 7 моҳи рӯйпӯши воридотро ташкил додаанд. Маълумот дар бораи захираҳои байнулмилалии Вазорати молия ифшо намешавад. Захираҳои тилло аз ҳисоби металли дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда пур карда мешаванд.

Қаблан дар Вазорати саноат хабар дода буданд, ки ба ҷуз ҳаҷми начандон зиёд, ки коргоҳҳои заргарии ватанӣ мегиранд, металлҳои қиматбаҳо пурра аз ҷониби Бонки миллӣ  ва Вазорати молия харида мешаванд. Истеҳсоли тилло тайи 7 соли ахир бо суръати рекордӣ афзуда, 5 баробар – аз 2 тонна дар соли 2014 то ба 10 тонна дар соли 2021 афзуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.