Кормандони яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми гирифтани пора боздошт шуданд

КормандониАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду корманди ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони порагирӣ боздошт намуданд. Тавре ки дар сомонаи расмии Агентӣ хабар дода мешавад, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии ҷамоат Ҳақназар Саъдуллоев дар ҳамдастӣ бо муовини раиси ҷамоат Зокирҷон Гулмуродов аз як шаҳрванд барои кумак ҷиҳати омода […]

КормандониАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду корманди ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони порагирӣ боздошт намуданд.

Тавре ки дар сомонаи расмии Агентӣ хабар дода мешавад, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии ҷамоат Ҳақназар Саъдуллоев дар ҳамдастӣ бо муовини раиси ҷамоат Зокирҷон Гулмуродов аз як шаҳрванд барои кумак ҷиҳати омода карда додани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин 13 ҳазор сомонӣ пул талаб кардаанд.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Саъдуллоев баъди аз шаҳрванд гирифтани маблағи 13 ҳазор 000 сомонӣ дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ  ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, – хабар медиҳад Агентӣ.

Гуфта мешавад, нисбати Саъдуллоев ва Гулмуродов мутобиқи моддаи 247, қ.4, б. “б” – Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Мутобиқи ин модда, онҳо дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гумонбар дониста шуда, ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 64 сомонӣ) – аз 93 ҳазору 440 то 140 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима ё ба муҳлати аз 8 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.