Сел меояд: ба ҳезумчиниву моҳидорӣ ва шикор наравед! Ҳушдори мақомот

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3 ва 4 майи соли равон дар чанд ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд эҳтимол  сел ояд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба аҳолӣ тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо худдорӣ намоянд ва ба сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест. 

Ба назари ин ниҳод, дар ин рӯзҳо ба ғайр аз омадани сел, инчунин, хатари боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст. 

-Боронҳои пуршиддат бо раъду барқ метавонанд таҳдидҳои дигар низ дар пай дошта бошанд- гуфтааст КҲФ.Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ даъват кардааст, ки  дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор нараванд.

Ин ниҳод аз аҳолӣ хоҳиш карддаст, ки "қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлӣ ва киштзорон накунад".

Ҳушдори Оҷонсии обуҳавошиносӣ дар робита ба хатари сел дар 3 ва 4 май дар ҳолест, ки қаблан аз оҷонсии мазкур ба "Азия-Плюс" хабар дода буданд, ки дар асоси пешгӯии онҳо моҳи май дар Тоҷикистон ҳаво гарм шуда, боришот аз меъёр камтар мешавад.

Ба иттилои онҳо, ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа зиёдтар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.

-Ба сурати умум моҳи май дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ обуҳавои тағйирёбандаи абрнок ва баъзан боришот пешбинӣ шудааст,- гуфта буданд масъулини Оҷонсии обуҳавошиносӣ.

Моҳи апрели соли равон дар натиҷаи боронҳои пуршиддат ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва лағзиши хок дар чанде аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон  ҳодисаҳои селфароиву сангреза ба қайд гирифта шуда, барои чанд муддат роҳҳо баста ва зироатҳоибархе сокинон зарар расид.

Аз ҷумла,  бар пайи боронбориҳои бегоҳии рӯзи 23-юми апрел дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел омада, чанд манзили сокинон тахриб шуда, беш аз 40 га замин ва теъдоде аз чорвои мардум талаф шуд.
Сел ҳамчунин чанд муддат ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакентро мутаваққиф сохта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...