Агентии обуҳавошиносӣ: Моҳи май дар Тоҷикистон ҳаво гарм мешавад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, моҳи май дар Тоҷикистон ҳаво гарм шуда, боришот аз меъёр камтар мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи пешгӯиҳои металогии Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Саттор Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа зиёдтар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо 20-25 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 17-18 дараҷа (меъёр: дар водиҳо 20-23, доманакӯҳҳо – 16-17 дараҷа гарм) гармро ташкил хоҳад дод.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат аз 27-32 то 32-37 гарм, шабона дар сатҳи 12-17 дараҷа, дар ҷануб – 18-23 дараҷа гарм ба назар мерасад. Дар доманакӯҳҳо тағйирёбии ҳарорат рӯзона аз 20-25 то 25-30 дараҷа гарм ва шабона аз 7-12 то 11-16 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Боришот ба ҳадди маъмулӣ ва баъзан камтар аз меъёр (меъёр дар водиҳо – 17-23 мм дар ноҳияҳои доманакӯҳ – 98-135мм) дар назар аст. Моҳи май обуҳавои абрнок, баъзан боришоти сатҳи гуногун, раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад. Дар рӯзҳои ҷудогона пурқувват шудани суръати вазиши шамол аз ғарб то 15-20 метр/сония бо тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳона дар сатҳи 1 дараҷа зиёдтар аз меъёри иқлимӣ (меъёр: дар водиҳо 21-22, дар ноҳияҳои кӯҳистон – 9-12 дараҷа гарм) дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо 22-23 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 10-13 дараҷа гарм мешавад.

Ба сурати умум моҳи май дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ обуҳавои тағйирёбандаи абрнок ва баъзан боришот пешбинӣ шудааст.

Дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ ва дар ғарби ВМКБ ҳарорати моҳона дар ҳадди меъёр – дар НТМ 13-17, дар ғарби ВМКБ – 12-15 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона тағйирёбии ҳарорат аз 15-20 то 23-28 дараҷа гарм аз эҳтимол дур нест.

Дар шарқи ВМКБ ҳарорати миёна дар моҳи май рӯзона 2-7 (меъёр 1-5 дараҷа гарм) ва тағйирёбии ҳарорат рӯзона дар сатҳи аз 5-10 то 12-17 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Баъзан боридани борону барф низ аз эҳтимол дур нест.

Дар шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи моҳона 1,5 дараҷа аз меъёр зиёд дар назар аст. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат рӯзона дар сатҳи аз 27-32 то 32-37 ва шабона дар ҳадди аз 12-17 дараҷа имкон дорад.

Моҳи май дар Душанбе инчунин обуҳавои абрнок ва баъзан боридани борону ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Даҳаи дуюми моҳ боришот пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...