Тоҷикистону Озарбойҷон хатсайри ҳавоии Душанбе-Бокуро барқарор кардан мехоҳанд

Тоҷикистон ва Озарбойҷон роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоиро байни Душанбе ва Боку роҳандозӣ кардан мехоҳанд, изҳор доштааст сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ дар чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар. “Барои афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Фикр мекунам, кушода шудани хатсайри мустақим  ба зиёд кардани гардиши молу […]

Тоҷикистон ва Озарбойҷон роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоиро байни Душанбе ва Боку роҳандозӣ кардан мехоҳанд, изҳор доштааст сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ дар чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар.

“Барои афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Фикр мекунам, кушода шудани хатсайри мустақим  ба зиёд кардани гардиши молу маҳсулот имкон медиҳад”, – овардааст гуфтаҳои сафирро хабаргузории озарбойҷонии Trend.az.

Сафир ҳамчунин зикр кардааст, ки мардуми Озарбойҷон ва Тоҷикистон арзишҳои муштараки фарҳангӣ доранд.

“Муносибатҳои байни кишварҳои мо решаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ доранд. Муносибатҳои наздик миёни раҳбарони ду кишвар дар рушди робитаҳои байнидавлатӣ саҳми муҳим доранд”.

Дар ҳамин ҳол, дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки барқарор шудани хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку-Душанбе имконпазир аст, зеро байни кишварҳо созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расидааст.

“Барои барқарор кардани хатсайри ҳавоии доимӣ байни кишварҳо ҳама асноди зарурӣ мавҷуд аст. Агар ширкатҳои ҳавопаймоии Озарбойҷон ба анҷоми парвозҳо таваҷҷуҳ дошта бошанд, мо ба иҷозаи парвоз бо ин хатсайр ҳафтае ду маротиба омодаем”, – изҳор доштанд дар Агентӣ.

Ҳамчунин зикр шуд, ки қаблан ширкати “Тоҷик Эйр” бо ин хатсайр парвозҳо анҷом медод, лекин бо сабаби талаботи начандон зиёди мусофирон ба он, парвозҳо қатъ шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.