Дар Қазоқистон барои эътирозҳои моҳи январ 243 касро маҳкум кардаанд

Дар Қазоқистон дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои моҳи январ 243 касро маҳкум кардаанд. Дар ин бора Додситонии кулли он кишвар рӯзи 25 апрел хабар дод. Дар Додситонии кулли он кишвар гуфтанд, дар маҷмуъ 265 парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Аммо дар мақомоти додситонӣ нагуфтанд, ки чи теъдод аз кормандони мақомот зиндонӣ шудаанд. Ин дар […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Дар Қазоқистон дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои моҳи январ 243 касро маҳкум кардаанд. Дар ин бора Додситонии кулли он кишвар рӯзи 25 апрел хабар дод.

Дар Додситонии кулли он кишвар гуфтанд, дар маҷмуъ 265 парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Аммо дар мақомоти додситонӣ нагуфтанд, ки чи теъдод аз кормандони мақомот зиндонӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 19 апрел расонаҳои Қазоқистон аз содир шудани ҳукми додгоҳ нисбати 214 кас хабар дода буданд.

Ба иттилои додситонӣ, айни замон 585 гумонбари бетартибиҳои моҳи январ дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Дар маҷмуъ, ба иттилои Додситонии кулли Қазоқистон, то рӯзи 25 апрел дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ 5 041 парвандаи ҷиноӣ дар тафтишот буда, аз ҷумла 49 парванда марбут ба бетартибиҳои оммавӣ ва 45 парванда марбут ба терроризм ҳастанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.