Барои озори ҷавондухтари роҳгузар ронанда 10 рӯз ҳабс шуд

Дилшод Сатторови 24-сола, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ барои рафтори ношосита нисбати ҷавондухтар дар шаҳри Душанбе ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс шуд. Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 2 май як нафар ҷавондухтари сокини пойтахт бо ирсоли расми автомашинаи сабукрави тамғаи «ВАЗ-21010 аз мақомоти милитсия дархост намудааст, то нисбати […]

Asia-Plus

Дилшод Сатторови 24-сола, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ барои рафтори ношосита нисбати ҷавондухтар дар шаҳри Душанбе ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 2 май як нафар ҷавондухтари сокини пойтахт бо ирсоли расми автомашинаи сабукрави тамғаи «ВАЗ-21010 аз мақомоти милитсия дархост намудааст, то нисбати ронандаи ҷавони ин автомашина чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

“Ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ бетартибӣ намуда, нисбати як ҷавондухтари роҳгузар беэҳтиромӣ ва дар қисмати қафои баданаш бо шаппотӣ зада, ӯро мавриди масхара қарор додааcт”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, зимни пурсиш номбурда ба кирдори содирнамудаи худ иқрор намуда, сидқан изҳори пушаймонӣ кардааст.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Дилшод Сатторов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.