Шоҳроҳҳо баста, заминҳо зери об ва талафи 130 гӯсфанд: Селу боронгариҳои ахир дар минтақаҳои Тоҷикистон

Дар пайи боронҳои шадад ва омадани сел дар ду рӯзи охир, бархе заминҳои наздиҳавлигии сокинон зери об монда, баъзе шоҳроҳҳо муваққатан баста шудааст. Аз ҷумла, дар наворе ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба “Азия-Плюс” ирсол карданд, дида мешавад, ки бар асари боришоти шадиди борон шоҳроҳи Ҷайҳун-Панҷ зери сел мондааст. Ҳамчунин, шоми дирӯз, телеграм-канали “Спутник Тоҷикистон” бо такя […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар пайи боронҳои шадад ва омадани сел дар ду рӯзи охир, бархе заминҳои наздиҳавлигии сокинон зери об монда, баъзе шоҳроҳҳо муваққатан баста шудааст.

Аз ҷумла, дар наворе ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба “Азия-Плюс” ирсол карданд, дида мешавад, ки бар асари боришоти шадиди борон шоҳроҳи Ҷайҳун-Панҷ зери сел мондааст.

Ҳамчунин, шоми дирӯз, телеграм-канали “Спутник Тоҷикистон” бо такя ба КҲФ иттилоъ дод, ки дар натиҷаи омадани сел дар дар километри 448-уми роҳи мошингард дар ҳудуди ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ наҷотдиҳандагон барои рафъи оқибатҳои офати табии роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ муваққатан бастаанд.

Дар наворҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, дида мешавад, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб низ сел омадааст. Тибқи иттилои Радиои “Озодӣ рӯзи гузашта об ба заминҳои наздиҳавлигии 30 оилаи минтақаи Кӯлоб осеб расондааст.

Ҳамчунин, хабарҳо аз омадани сел дар баъзе аз минтақаҳои вилояти Суғд ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.

ино ба як видое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дар деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор 130 гӯсфанд бар асари борону селобаи рӯзи 4-уми май талаф шудаанд. То ҳол ҷузъиёти чӣ гуна талаф шудани ин саршумори зиёди чорво маълум нест.

То ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар робита ба ин ҳодисаҳо иттилои расмӣ надодааст ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки офати табии ду рӯзи охир дар кишвар талафоти ҷонӣ дар пай дорад ё не.

Ин ниҳод танҳо гуфтааст, ки “дар ин рӯзҳо кормандони он якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳифзи соҳилҳо ва тоза кардани каналҳо дар қитъаҳои хавфноки обанборҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида истодаанд”.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, то 6 май дар ҷумҳурӣ чунин ҳавои номусоид боқӣ мемонад ва боронҳои шадид хавфи омадани селҳои харобиоварро зиёд мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар моҳи апрели соли равон низ дар натиҷаи боронҳои пуршиддат ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва лағзиши хок дар чанде аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароиву сангреза ба қайд гирифта шуда, барои чанд муддат роҳҳо баста ва зироатҳоибархе сокинон зарар расид.

Аз ҷумла, бар пайи боронбориҳои бегоҳии рӯзи 23-юми апрел дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел омада, чанд манзили сокинон тахриб шуда, беш аз 40 га замин ва теъдоде аз чорвои мардум талаф шуд.

Сел ҳамчунин чанд муддат ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакентро мутаваққиф сохта буд.

Ёдовар мешавем, ки чандин сол аст, маҳз дар моҳи май дар пайи боришоти зиёди борон омадани сел ба назар мерасад, ки дар натиҷа, ба аҳолӣ зарари ҷонию молӣ мерасад. 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.