Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 25 тонна хурмо ҳадя кард

Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 25 тона хурмо ҳадя кардааст. Ин миқдор хурмо аз сӯйи Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон дар як маросими хос ба ҷониби Тоҷикистон ҳадя шуд.  Маросими таҳдими хурмо, имрӯз 16-уми май дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин маросим сафири Подшоҳии Саудӣ  дар Тоҷикистон, Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, намояндагони Маркази […]

Asia-Plus

Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 25 тона хурмо ҳадя кардааст. Ин миқдор хурмо аз сӯйи Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон дар як маросими хос ба ҷониби Тоҷикистон ҳадя шуд. 

Маросими таҳдими хурмо, имрӯз 16-уми май дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин маросим сафири Подшоҳии Саудӣ  дар Тоҷикистон, Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон ва муовини мудири Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон, Соҳибҷон Зиёдуллоев ва сардори Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ин ниҳод   Абдукарим Раҳимов ширкаткарданд.

Подшоҳии Арабситони Саудӣ, ҳамасола ба Тоҷикистон миқдори зиёди хурморо ҳамчун ҳадяҳои подшоҳи ин кишвар Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд таҳдим мекунад. 

Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои фаъоли ёрирасони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 

Аз ҷумла, чанде пеш ин кишвар эълон кард, ки дар доираи як созишномаи ҳамкорӣ барои 600 ятим дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳар моҳе 100 доллари амрикоӣ ёрии молӣ мерасонад. Ин кумакҳо низ аз сӯйи Маркази имдод ва ёриҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон расонида мешаванд.

Дар доираи ин тарҳ ба 600 ятим дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб ва ВМКБ дар давоми як сол ёрии молӣ расонида мешавад, ки ҳаҷми умумии ин ёриҳо $811,996 гуфта мешавад.

Ин тарҳро дар Тоҷикистон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пиёда мекунад. Дар ин маврид дар қароргоҳи Сафорати  Саудӣ дар Душанбе, байни ин ниҳод ва Маркази имдод ва ёриҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон Созишномаи ҳамкории муштарак  ба имзо расид.

Сафири Подшоҳии Арабаистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар маросими имзои ин созишнома гуфта буд, ки лоиҳаи нав марҳилаи дувуми тарҳ буда, аз ин пештар ба 500 ятим ҳар моҳ 100 доллари амрикоӣ расонидани ёриҳоро оғоз кардаанд ва кунун бо илова шудани 600 ятими дигар, шумораи умумии гирандагони ин ёриҳо ба 1100 ятим расид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.