Дар Тоҷикистон болоравии нархи орд идома дорад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нархҳо ба орд боз боло рафтанд. Имрӯз ях халта орди вазнаш 50-килои истеҳсоли ватанӣ 340-360 сомонӣ, истеҳсоли Қазоқистон – то 370 сомонӣ нарх дорад. Арзиши халтаҳои орди 10-килоӣ 75-80 сомонӣ ва 5-килоӣ – 38-40 сомониро ташкил медиҳад.

Бори дуюм аст, ки нархи орд тайи ду моҳи ахир боло меравад – моҳи март арзиши як халта орди 50-килоӣ аз 270-280 то ба 290-325 сомонӣ зиёд шуда, ба ин тариқ, дар зарфи 2 моҳ сатҳи болоравӣ тақрибан 20%-ро ташкил дод.

Қаблан истеҳсолкунандагони орд дар Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки дар болоравии нарх онҳо гунаҳкор нестанд, зеро гандуми воридотӣ аз Қазоқистон қимат шудааст.

Агар Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии навбатии нархҳоро танҳо ба афзоиши нархи гандум дар Қазоқистон то 385 доллар марбут донад, истеҳсолкунандагони орд боз як қатор сабабҳои дигарро ҳам номбар мекунанд. Аз ҷумла – камшавии захираи гандум дар анборҳо, гароншавии гандум дар саросари дунё, мушкилии парвариши гандум дар худи Тоҷикистон бо сабаби нархҳои баланди маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ, таваррум ва зиёдшавии хароҷоти хидматрасонии нақлиёт.

Соли гузашта арзиши 1 тонна гандум аз Қазоқистон ба ҳисоби миёна 240 доллар ва моҳи январи соли 2022 – 285 доллар ташкил медод ва мутаносибан соли гузашта як халта орд дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 240 сомонӣ, аввали соли ҷорӣ – 280 сомонӣ ва акнун аз 350 то 400 сомонӣ нарх дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар зиёда аз 170 ҳазор гектар зироати ғалладона, асосан гундум кишт шудааст. Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 1,5 млн тонна зироати ғалладона кишт шудааст, ки ҳудуди 1 млн тоннааш навъҳои гуногуни гандум мебошад. Ин нишондиҳанда тақрибан 50%-и талаботи аҳолии ҷумҳуриро қонеъ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...