Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ сохта шуд

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ – Абобил 2 боз шуд. Ин корхона имрӯз бо ҳузури вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммад Боқирӣ дар шаҳри Душанбе ба кор пардохт. Дар ин бора хабаргузории расмии Эрон – ИРНО хабар медиҳад.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бораи расман иттилое нашр накардааст.

ИРНО хабар медиҳад, ки ин корхона дар “ростои тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дифоӣ ва низомии байни ду кишвар, бо ҳиммат ва талоши мутахассисони вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон” бунёд шудааст.

Бино ба навиштаи расонаҳои эронӣ, Боқирӣ дар маросими ифтитоҳи ин корхона гуфтааст, ки “имрӯз дар ҷойгоҳе ҳестем, ки метавонем илова бар рафъи ниёзҳои дохилӣ ба кишварҳои ҳампаймон ва дӯст дар ҷиҳати афзоиши амният ва сулҳи пойдор, таҷҳизоти низомӣ содир кунем”.

Дар ин маросим калиди рамзии ифтитоҳи корхона ва гувоҳиномаи давраи омӯзишӣ ба фармондеҳ ва кормандони Неруҳои ҳавоиии Тоҷикистон эҳдо шудааст.

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ифтитоҳи корхонаи тавлиди Абобил-2-ро дар Тоҷикистон нуқтаи атфе дар ҳамкориҳои низомӣ байни ду кишвар унвон кардааст.

СПРАВКА ПО ТЕМЕ


АБОБИЛ II яке аз аъзои хонаводаи паҳподҳои Абобил аст, ки тавоноии болое дар амалёти инҳидомӣ ё безараргардонӣ дорад. Ин паҳпод метавонад вазифаҳои гуногун, аз ҷумла шиносоӣ ва тасвирбардории ҳавоиро ба хубӣ анҷом диҳад. Абобил II метавонад аз рӯйи худрав парвоз кунад ва аз тариқи чатр бозёбӣ мешавад.Ин паҳпод ба роҳрави парвозу нишаст ниёз надорад ва ин имкон додааст, ки Абобил II таҳрик ва ҷобаҷойии фавқулодае барои парвоз бархӯрдор бошад. аҳподи Абобил II тавассути маркази ҳидояти заминӣ ҳидоят ва контрол карда мешавад.

“Дар оянда шоҳиди афзоиши ҳамкориҳо ва робитаҳои бештар дар тамоми сатҳҳои дифоию низомии ду  кишвар – Эрону Тоҷикистон хоҳем буд”,- гуфтааст Боқирӣ.

Аммо дар бораи иқтидори истеҳсолии ин корхона ҷузъиёт дода нашудааст.

Ҳамчунин Боқирӣ бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ростои ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятӣ ва марзбонӣ дидору гуфтугӯ кардааст.

Расонаҳои эронӣ, шиносоии ҳавоӣ ва назорат бар майдон ҷанг, гашти марзӣ, аккосии ҳавоӣ, танзими тирандозии тӯпхона ва иҷрои амалиёти безараргардонӣ (инҳидомӣ)-ро аз дигар қобилятҳои ин паҳпод донистаанд.

Бурди амалётии ин паҳпод 100 километр буда ва давомнокии парвози Абобил 2 аз 75 то 120 дақиқаро дар бар мегирад. Ҳамчунин ин паҳпод метавонад то баландии 11000 ҳазор поӣ (3352.8 метр) ва бо суръати 250 километр дар соат парвоз кунад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...