Боздошти як сокини ноҳияи Восеъ дар Хуҷанд бо гумони ғорати кардани хонаи яке аз сокинон

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ бо гумони ғорат ва дуздии хонаи як сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд хабар медиҳад.  Ба иттилои ин ниҳод, ин сокини ноҳияи Восеъ, ки аз ӯ ном бурда нашудааст, 19-уми апрели имсол соати 04.00 субҳ ба хонаи истиқоматии як зани сокини Хуҷанд ворид шуда, аз он […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ бо гумони ғорат ва дуздии хонаи як сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд хабар медиҳад. 

Ба иттилои ин ниҳод, ин сокини ноҳияи Восеъ, ки аз ӯ ном бурда нашудааст, 19-уми апрели имсол соати 04.00 субҳ ба хонаи истиқоматии як зани сокини Хуҷанд ворид шуда, аз он ҷо "2-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 11 Промакс» ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст".

ВКД зарари расидаро 54 ҳазору 900 сомонӣ ҳисоб кардааст.

Дар хабарномае, ки сайти ВКД нашр кардааст, гуфта мешавад, ки "ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноӽияи Восеъ, ки пеш бо моддаҳои 32 қисми 3, 138 қисми 1, 339 қисми 1 ва 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд".

Дар ҳоли ҳозир аз рӯйи ин қазия парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 244 қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.