Даргузашти Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии саршиноси кишвар дар синни 70-солагӣ

Date:

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода руҳонии саршинос ва яке аз чеҳраҳои исломи суннатӣ дар Тоҷикистон, субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт, дар синни 70-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум ва масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Маросими намози ҷанозаи марҳум, имрӯз вақти намози пешин дар Олимтойи Фархор баргузор мешавад. 

Исмоил Пирмуҳаммадзода солҳо сархатиби Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Ҳисор буд ва дар миёни аҳли уламои дини кишвар маъруфитяи зиёде дошт. 

Пирмуҳаммадзода 1 июли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Ӯфарзанди яке аз чеҳраҳои маъруфи исломи суннатии ҷануби Тоҷикистон Эшони Махсуми Санги Кулӯла буд. 

Пирмуҳаммадзодаро дар мавзеи Сомончии ноҳияи Фархор, дар паҳлӯи мақбараи падар Махсуми Санги Кулӯла ба хок месупоранд.

Ба ҷуз ин Пирмуҳаммадзода, ки соҳиби таҳсилоти олӣ буд, наттоқ ва ровии радио буд ва дар хазинаи тиллоии радиои ҷумҳурӣ дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно, «Осори Мирзо Бедил», «Осори устод Рӯдакӣ», «Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз» наттоқӣ кардааст.

Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имом-хатиби Маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад (С) буд.

Пирмуҳаммадзода Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008) , барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012), дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012), унвони «Падидаи сол» (2010) низ буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...