Бонувони Тоҷикистон аз медалҳо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бенасиб монданд

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон, ки дар шаҳри Истанбули Туркия ҷараён дорад, барои намояндагони Тоҷикистон хотима ёфт. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон пас аз ду пирӯзӣ бар намояндагони Кувейт ва Кореяи Ҷанубӣ дар вазни 63кг […]

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон, ки дар шаҳри Истанбули Туркия ҷараён дорад, барои намояндагони Тоҷикистон хотима ёфт.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон пас аз ду пирӯзӣ бар намояндагони Кувейт ва Кореяи Ҷанубӣ дар вазни 63кг 16-уми май дар даври чорякфинал аз варзишгари Ҳиндустон Парвин шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз ба ғайр аз Шоира инчунин Сумайя Қосимова (48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50кг) ва Миҷгона Самадова (57кг) намояндагӣ карданд.

Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50кг дар дар даври аввал бар варзишгари Боливия Айда Санталла ғалаба кард, вале дар даври дуюм аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа шикаст хурд.

Сумайя Қосимова дар вазни 48кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғория), Миҷгона Самадова (57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон танҳо як медали биринҷӣ дорад, ки онро соли 2012 Мавзуна Чориева ба даст овардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.