Даргузашти Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии саршиноси кишвар дар синни 70-солагӣ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода руҳонии саршинос ва яке аз чеҳраҳои исломи суннатӣ дар Тоҷикистон, субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт, дар синни 70-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум ва масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон хабар медиҳанд. Маросими намози ҷанозаи марҳум, имрӯз вақти намози пешин дар Олимтойи Фархор баргузор мешавад.  Исмоил Пирмуҳаммадзода солҳо сархатиби Масҷиди ҷомеи […]

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода руҳонии саршинос ва яке аз чеҳраҳои исломи суннатӣ дар Тоҷикистон, субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт, дар синни 70-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум ва масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Маросими намози ҷанозаи марҳум, имрӯз вақти намози пешин дар Олимтойи Фархор баргузор мешавад. 

Исмоил Пирмуҳаммадзода солҳо сархатиби Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Ҳисор буд ва дар миёни аҳли уламои дини кишвар маъруфитяи зиёде дошт. 

Пирмуҳаммадзода 1 июли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Ӯфарзанди яке аз чеҳраҳои маъруфи исломи суннатии ҷануби Тоҷикистон Эшони Махсуми Санги Кулӯла буд. 

Пирмуҳаммадзодаро дар мавзеи Сомончии ноҳияи Фархор, дар паҳлӯи мақбараи падар Махсуми Санги Кулӯла ба хок месупоранд.

Ба ҷуз ин Пирмуҳаммадзода, ки соҳиби таҳсилоти олӣ буд, наттоқ ва ровии радио буд ва дар хазинаи тиллоии радиои ҷумҳурӣ дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно, «Осори Мирзо Бедил», «Осори устод Рӯдакӣ», «Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз» наттоқӣ кардааст.

Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имом-хатиби Маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад (С) буд.

Пирмуҳаммадзода Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008) , барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012), дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012), унвони «Падидаи сол» (2010) низ буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.